Ссылки доступа

Рӯзноманигори узбек баъди дарёфти хона аз номи президент таҳдид ба ҳабс шуд


Муфаттиши Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Баҳром Каримов рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоевро, ки чанде пеш аз номи президент Шавкат Мирзиёев хонаи сеҳуҷрагӣ гирифт, таҳдид ба ҳабс кардааст.

Дар ин бора рӯзноманигор дар муроҷиатномаи видеоияш ба унвони Додситонии кулли Узбекистон, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд, хабар додааст.

Абдуллоев мегӯяд, баъди он ки гуфт, бидуни вакили дифоаш Сергей Майоров ҳеч гуна баёноте нахоҳад дод, нафаре худро сардори бахши тафтишотии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Баҳром Каримов муаррифӣ ва ӯро таҳдид ба ҳабс кардааст.

"Чаро шумо, агар Майоров наояд, баёнот намедиҳед? Шумо чӣ ҳақ доред, ки дар рафти тафтишот "монеа" эҷод мекунед? Агар баёнот надиҳед, мо шуморо ҳабс хоҳем кард", - изҳор доштааст Каримов.

Вале Абдуллоев дар посух гуфта, ки бо даъвати мақомот ба бозпурсӣ ҳозир шудааст, вале ба далели он ки вакили дифоаш наметавонад дар он иштирок кунад, ҳеч гуна баёноте нахоҳад дод ва ин амалаш эҷоди монеа ба рафти тафтишот низ шумурда нахоҳад шуд.

Абдуллоев дар муроҷиатномаи видеоияш аз Додситонии кулли Узбекистон хостааст, зидди сардори бахши тафтишотии Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар чора андешида шавад.

Абдуллоев 18 октябр хабар дод, ки аз номи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маҷмаии истиқоматии "Green Park"-и шаҳри Тошканд хонаи хонаи сеҳуҷрагӣ дарёфт кард.

Бобомурод Абдуллоевро ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт ва рӯзи 22 август ба Узбекистон истирдод карданд. Вай рӯзи 22 август баъди бозпурсии ҳаштсоата аз сӯи мақомоти Узбекистон дар шаҳри Тошканд, озод шуд.

Мақомоти Узбекистон расман хабар надоданд, ки Абдуллоевро дар робита ба кадом парванда бозпурсӣ кардаанд. Худи рӯзноманигор ҳанӯз дар шаҳри Бишкек гуфта буд, ки ӯро дар навиштани мақолаҳои зиддиҳукуматӣ бо имзои мустаори "Қора Мерган" айбдор мекунанд. Абдуллоев ин айбро рад карда буд.

Ин рӯзноманигор дар соли 2017 бори аввал бо гумони сарнагун сохтани сохти конститутсионии Узбекистон боздошт ва моҳи майи соли 2018 озод шуда буд.

XS
SM
MD
LG