Ссылки доступа

ИМА 45 дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Русияро нобуд кардааст


ИМА 45 дастгоҳи нафасдиҳии сунъии "Авента-М", истеҳсоли Русияро маҳв кардааст. Ин дастгоҳҳоро Русия ибтидои моҳи апрел ба ИМА фиристода буд.

Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ бо такя ба Оҷонси федеролии ИМА дар умури танзими ҳолатҳои фавқулода хабар додаанд.

Дақиқан ин дастгоҳҳо кай нобуд карда шудаанд, хабар дода намешавад. Моҳи майи имсол оҷонси танзими ҳолатҳои фавқулодаи ИМА гуфт, ки дастгоҳҳои русиро умуман истифода накардаанд. Айни ҳамин дастгоҳҳо дар шаҳри Москва Петербурги Русия боиси сухтор ва фавти шаш одам шуданд.

Дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии русӣ ҳамроҳ бо дигар дастгоҳҳои тиббӣ ба ИМА ирсол шуданд. Дар Кремл хабар доданд, ки дастгоҳҳо кӯмаки башардӯстона ҳастанд. Аммо баъдтар хабар расид, ки ИМА аксари дастгоҳҳоро харидааст.

Аз сӯи дигар ирсоли дастгоҳҳо ба ИМА баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Зеро ширкати истеҳсолгари дастгоҳҳо дар рӯйхати таҳримҳои ИМА шомил аст.

XS
SM
MD
LG