Ссылки доступа

Модари тоҷик мегӯяд, шаҳрро бo деҳааш иваз намекунад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: парвандаи берун бурдани садҳо миллион доллар. Дар марз бо Чин миллионҳо долларро дуздидаанд. Ҷабборов омодааст, номзад ба мақоми президентии Қирғизистон шавад. Дар Тоҷикистон "шикор"-и наваскарон идома дорад. (видео)

- Модари тоҷик мегӯяд, шаҳрро бo деҳааш иваз намекунад. Дар Тоҷикистон ба руйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади аҳолӣ шаҳринишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории 10 соли пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст? (видео)

- СОVID-19 аҳволи ширкатҳои саёҳӣ ва меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро бад кард. Пандемияи COVID-19 вуруди саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистонро камтар ва ҳоли ширкатҳои саёҳиву меҳмонхонаҳоро бад кардааст (видео)

- Деҳае, ки 10 сол боз мунтазири барқ дар Турсунзода аст. Дар яке аз деҳаҳои начандон дур аз шаҳри Турсунзода, ки шаҳри саноатии Тоҷикистон аст, маҳаллае вуҷуд дорад, ки сокинонаш 10 сол боз нерӯи барқ надоранд (видео)

- "Боздошт"-и бабре, ки ба чорвои сокинон дар Рӯшон ҳамла кардааст. Бабри барфие, ки ба чорвои сокинони ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон ҳамла карда буд, «боздошт» ва ба ноҳияи Мурғоб, 400 километр дуртар аз ин мавзеъ, «бадарға» шудааст (видео)

- Тоҷбибӣ чаҳор шавҳар кардааст, сетоашро куштаанд. Бо идомаи музокироти ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар ҳазорон хонаводае, ки азизонашонро дар ҷанги тулонӣ талаф додаанд, умедворанд, дар ниҳоят ба кишварашон сулҳ меояд. Дар байни онҳо як зане ҳаст, дар вилояти Кунар, ки се шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва бо чанд фарзанд танҳо мондааст. (видео)

- Қазоқистон ба қазоқтаборони фирорӣ аз Чин паноҳгоҳ дод. (видео аз Директ)

- Санҷиши воксинҳои зидди коронавирус чи гуна мегузаранд. Мақомоти рус дар бораи санҷиши воксинаи худии зидди коронавирус гузориш медиҳанд. (видео)

- Қаробоғи кӯҳӣ. Ҷанге бе пирӯз. Арманистону Озарбойҷон ду дафъа аст, оташбас эълон мекунанд, вале яке мегӯяд, ки дигарӣ созишро риоят намекунад ва баръакс. Дар ин миён мардуми бегуноҳ талаф мешаванд (видео)

- ​Бо вуҷуди таҳдид, тазоҳурот дар Белорус идома ёфт. Рӯзи якшанбе дар Минск дигарбора ҳазорҳо нафар ба хиёбонҳо рехтанду эътироз карданд. Мақомот аз мошинҳои низомиву обпош истифода карданд,вале аз фурӯ нишонидани тазоҳурот ва пароканда намудани эътирозгарон худдорӣ намуданд (видео)

- Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ! Кӣ ба мардуми ниёзманди Тоҷикистон кӯмак мерасонад? (видео)

- Ихтиёрини суғдӣ кумак дар фасли сарморо тамрин мекунанд (видео)

- Дар ҳамлаи хунини вилояти Ғури Афғонистон даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд (видео)

- Сокинони Алмато дар бораи ҳаводиси Қирғизистон чи фикр доранд? (видео)

- «Роҳпаймоӣ бо дастагулҳо» дар Минск (нигористон)

- Камбизоатони кишвари ғанӣ. 17 октябр – Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр (видео)

- Содир Жапаров - сарвазири нави Қирғизистон кадоме аз ҳамсафонашро мансаб дод (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG