Ссылки доступа

Пашинян: низои Қарабоғ роҳҳали дипломатӣ надорад


Никол Пашинян, 21 октября 2020 года

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, низои Қарабоғи Куҳӣ аз роҳи дипломатӣ ҳал нахоҳад шуд.

"Амали баъдии мо мубориза то охир аст", - изҳор дошт ӯ дар як пахши мустақим тавассути саҳифаи шахсиаш дар Фейсбук. Ӯ аз шаҳрдорони Арманистон даъват кард, ки гуруҳҳои ихтиёриёнро ташкил кунанд ва аз сокинон хост, "дар даст силоҳ бигиранд".

Ёвари президенти Озарбойҷон Ҳикмат Гаҷиев гуфт, суханҳои Пашинян нишон медиҳанд, ки Ереван намехоҳад низои Қарабоғи Куҳӣ аз роҳи гуфтугӯ ҳал шавад.

Изҳороти Пашинян дар пасманзари идомаи гуфтугӯҳо барои ҳалли низои Арманистону Озарбойҷон садо дод. Президенти Арманистон Армен Саркисян ба Брюссел рафта, бо намояндагони НАТО ва Иттиҳоди Аврупо вохӯрд ва вазирони умури хориҷии Озарбойҷону Арманистон барои гуфтугӯ ба Москва сафар карда, дар алоҳидагӣ бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров мулоқот ва шартҳои қатъи даргириҳо дар Қарабоғро баррасӣ намуданд.

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон Арманистону Озарбойҷонро ба қатъи даргириҳо длаъват карданд. Вале Боку ва Ереван 21 октябр хабар доданд, ки оташкушоиҳо идома доранд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG