Ссылки доступа

Қазоқистон бо $35 млн интихоботи порлумонӣ баргузор мекунад


Котиби Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон Сабина Мустафина 21 октябр хабар дод, ки дар интихоботи вакилони маҷлис, палатаи поёнии порлумони ин кишвар 15,3 миллиард танга (наздики 35 миллиону 755 ҳазор доллар) харҷ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, маъракаҳои пешазинтихоботӣ аз ҳисоби буҷаи ду сол баргузор карда мешаванд.

Харҷномаи соли 2020 ба ҳукумат пешниҳод шудааст, ки 10,8 миллиард тангаро ташкил медиҳад. Бо наздики 7,3 миллиард тангаи он маоши 70 681 узви комиссияи интихоботӣ пардохт мешавад. 3,5 миллиард тангаи боқӣ ба корҳои созмондиҳӣ масраф хоҳад шуд.

Харҷҳо барои соли 2021 дар доираи қонуни буҷаи ҷумҳуриявӣ барои солҳои 2021-2023 4,5 миллиард танга пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин маблағ ба пардохти маоши аъзои комиссияи интихоботӣ равона мегардад.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев санаи интихоботи аъзои маҷлис, палатаи поёнии порлумони ин кишварро 10 январи соли оянда таъйин кард.

Муҳлати ваколати маҷлиси кунунии Қазоқистон моҳи марти соли оянда ба поён мерасад. Дар маҷлиси кунунӣ аксари курсиҳо (84 курсӣ)-ро аъзои ҳизби ҳоким ба раҳбарии президенти пешин Нурсултон Назарбоев дар ихтиёр доранд. Дар маҷлис ду ҳизби рӯ ба ҳукумат - "Оқ жол" ва Ҳизби коммунистии Қазоқистон низ намояндагони худро доранд.

Аз 107 вакили маҷлис 98 танашон бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ва боқӣ тавассути Ассамблеяи мардуми Қазоқистон баргузида мешаванд. Ин ассамблея як ниҳоди машваратиест, ки Нурсултон Назарбоев ҳаққи як умр раҳбарӣ кардани онро дорад.

Дар Қазоқистон баъди қабули Конститутсия дар соли 1995 ва ташкили порлумони дупалатаӣ ягон интихоботи вакилони маҷлис дар муҳлати муқарраршуда баргузор нашудааст.

XS
SM
MD
LG