Ссылки доступа

Қамчӣ Колбоев, соҳибнуфузи олами ҷиноии Қирғизистон боздошт шуд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон боздошти соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоевро тасдиқ кард. Ба огаҳии кумита, дар рафти чорабиниҳо барои пешгирӣ аз фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ зидди Колбоев маълумотҳо ошкор шудааст.

Колбоев 22 октябр ба Раёсати тафтишотии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфта, зиддаш бо банди "Ташкили гуруҳи муташаккили ҷиноӣ ё иштирок дар фаъолияти он" парванда боз гаштааст.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, ки Колбоевро 22 октябр дар яке аз бошгоҳҳои варзишии шаҳри Бишкек боздошт кардаанд.

Қамчибек Тошиев 16 октябр, баъди таъйин шуданаш ба мақоми раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки агар фаъолиятҳои ҷиноии Колбоев тасдиқ шаванд, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

Қамчӣ Колбоев дар қайди Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҳамчун раҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноӣ қарор дошт. Ба ҳисоби вазорат, соли 2018 шумори аъзои гуруҳи вай ба 424 мерасид.

Президенти пешини ИМА Барак Обама соли 2012 номи Колбоевро ба "рӯйхати сиёҳ"-и ҳафт қочоқбари бузургтарин шомил кард. Департаменти давлатии ИМА, барои маълумоте, ки "боиси ба ҳам задани механизмҳои молӣ"-и Колбоев мешавад, то миллион доллар мукофот пешниҳод намуд. Колбоев дар баробари 10 соҳибнуфузи олами ҷиноии кишварҳои пешини шӯравӣ дар "рӯйхати сиёҳ"-и Вазорати адлияи ИМА низ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG