Ссылки доступа

Зойиров гуфт, баъди интихобот аъзои ҳизбашро таъқиб мекунанд. ВКД беасос донист


Раҳматилло Зойиров

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар номае ба вазири корҳои дохилӣ аз таъқиби пайдарпайи аъзои ин ҳизб аз сӯйи ниҳодҳои мухталиф, аз ҷумла маъмурони милиса, эътироз кардааст.

Раҳматулло Зойиров дар нома аз чанд корманди пулис ном бурдааст, ки ба иддаои ӯ “дар таъқиби аъзои ҳизб даст доранд”. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иддаои Зойировро беасос донистанд.

Дар номаи Зойиров, ки рӯзи 22-юми октябр дар Фейсбук нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, на танҳо дар замони интихоботи президентӣ, балки баъд аз он низ дар Душанбе ва минтақаҳои дигар раванди таъқиби аъзои ин ҳизб идома доштааст. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим карда буд.

Ба гуфтаи раҳбари ҳизби мухолифи ҳукумат дар Тоҷикистон, «дар замони интихобот чунин равандҳо то андозае мантиқӣ буд, чун Вазорати корҳои дохилӣ аз президент ҳимоят мекард». «Вале баъд аз анҷоми интихобот сохторҳои ВКД дар Ҳисор раванди зидди аъзои ҲСДТ-ро дар ин шаҳр пурзӯр кардаанд», -- навиштааст ӯ.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иддаои Зойировро бепоя номид ва гуфт, “Вазорат борҳо чунин изҳороти Раҳматулло Зойировро санҷидааст ва онҳо тасдиқи худро наёфтаанд.”

Ин дар ҳолест, ки раиси ҲСДТ аз се нозири минтақавӣ ном бурда ва иддао кардааст, ки “онҳо ба зидди аъзои ҳизб кор мекунанд”: "Ин амал на танҳо зидди аъзои ҳизб аст, балки таҳдид ба амнияти кишвар мебошад. Ва ин амалҳо як шакли бемантиқ касб мекунанд."

Ба унвони мисол, ӯ зикр кардааст, ки мошинҳои боркашонии аъзои ҳизб дар бозори хадамоти боркашонӣ номнавис шуда, аз ронандагон ришва талаб карда мешавад ва дар ғайри он таҳдид мешаванд, ки моликияташон аз байн бурда мешавад. Тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Изҳороти Зойиров дар ҳоле садо дод, ки аввали моҳи ҷорӣ муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев хабар дода буд, ки афроди ношинос дар Ҳисор шабона писарашро латукӯб кардаанд.

Маҳмурод Одинаев гуфт, бинии писараш шикаста ва майнаи сараш осеб дидааст. Ӯ тахмин зада буд, ки латукӯби писараш эҳтимол ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт дорад. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр дар изҳороте гуфт, писари Одинаев "дар ҳолати сархушӣ бо муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди латукӯб қарор гирифтааст."

Аз ин қабл, рӯзи 22-юми сентябри имсол Раҳматилло Зойиров, раиси ҳизб ҳам аз латукӯб шуданаш хабар дода буд. Дертар масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, Зойировро касе назада, балки сагаш ба даруни ҷӯй афтондааст.

Дар гузашта низ таҳдид ва ҳамла ба раҳбарияти ҲСДТ расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2015 гуруҳи заноне ба дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамла карда, ба нишасти хабарии Зойиров халал расонда буданд.

Ҳизби сотсиал-демократ соли 1998 ва замоне сабти ном шуд, ки Зоиров мушовири ҳуқуқии президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай баъди сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва аз он замон то кунун раҳбарии ин ташаккули сиёсиро ба уҳда дорад.

Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯб кардани намояндагони аҳзоби мухолиф ва фаъолони сиёсӣ танқид кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора мегӯянд, дар кишвар ба ҳуқуқи мардум ва озодиҳои сиёсӣ эҳтиром мегузоранд.

XS
SM
MD
LG