Ссылки доступа

Ширкати узбекӣ баъди эътирозҳои оммавӣ ба пардохти маоши кормандон шуруъ кард


Ширкати узбекии Enter Engineering ба пардохти моҳонаи коргароне шуруъ кард, ки дар коргоҳи истеҳсоли гази моеъи Uzbekistan GTL кор мекунанд. Ин коргарон чанд рӯзи пеш корпартоӣ карда буданд.

Чанд коргари корхонаи мазкур гуфтанд, маоши се моҳи ахирро якбора дарёфт кардаанд.

Рӯзи 21 октябр ҳудуди ҳазор коргари иншооти сохтмонӣ дар ноҳияи Гузори Узбекистон даст ба бетартибӣ задан ва бинои маъмурии корхонаро тахриб карданд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, бинои маъмурии тахрибшудаи коргоҳ дида мешавад.

Бархе аз шоҳидон гуфтанд, барои ором кардани корпартоии коргарон неруҳои махсуси мақомоти қудратии Узбекистон ба корхона фиристода шуданд.

Дар бораи маҷруҳон ва дигар зарардидагон хабар дода намешавад.

Яке аз коргарон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, эътироз баъди он сар зад, ки ширкати Enter Engineering шоми 20 октябр коргаронро бо ғизо таъмин накард ва ин боиси шиддат гирифтани эътирози коргарон шуд.

Рӯзи 22 октябр бархе аз коргарон гуфтанд, ба иловаи пардохт нашудани маоши се моҳа ва таъмин нашудани коргарон бо ғизо, чораҳои карантинӣ ҳам боиси эътирози коргарон шуда буд. Бо баҳонаи чораҳои карантин ба коргарон иҷозат намешуд, ки маҳалли корро тарк кунанд ва ба хонаҳояшон раванд.

АЗ додситонии кулли Узбекистон хабар доданд, ки ҳодиса тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG