Ссылки доступа

СОVID-19 ба занони ҳомила чӣ таъсир мегузорад? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Вакили дифои қазоқ баъди як моҷаро дар шуъбаи пулис бистарӣ шуд. (видео)​

- «Бибиҳо зидди ОМОН». Дар эътирозҳои Белорус нафақахӯрон ҳам иштирок доранд. (видео)

- Муҳоҷирон дар марзи Қазоқистону Русия дармондаанд. (видео аз Директ)

- "Қарз гирифт, бозор сӯхт, хонааш дар хатар аст". Як сокини Кӯлоб, ки бо нияти соҳибкорӣ аз бонк қарз гирифта буд, ҳам тиҷораташ сӯхт ва ҳам мумкин аст бе сарпаноҳ монад. Таҷрибаи Абдуназар Шарипов ягона нест ва то кунун садҳо оила мисли ӯ бинобар саривақт пардохт накардани қарзи бонкҳо аз манзилҳояшон маҳрум шуданд (видео)

- Парвин ҳамкорашро барои "зӯроварӣ ва дашном" ба додгоҳ бурд. Қарор аст, додгоҳе дар Душанбе ба баҳси тарроҳи ҷавон ва ҳамкори ӯ нуқта гузорад. Зани ҷавон даъво дорад, ки аз рӯзҳои аввали ҳамкорӣ, коршарикаш бо ӯ муносибати дағал мекард ва рӯзе модарашро дашном дода ва гулӯяшро гирифтааст (видео)

- СОVID-19 ба занони ҳомила чӣ таъсир мегузорад? Мутахассисон талош доранд, маълум кунанд, чаро аҳволи занони обистан ва ё ҳомилае, ки ба бемории мазкур мубтало шудаанд, баъзан бисёр бад мешавад. Гузориши Садои Амрико дар ҳамин бора аст (видео)

- «Ақиб меравем!» Вакилони маҷлисҳоро на мардум, балки ҳизбҳо интихоб мекунанд. (видео)

- Чи гуна Қазоқистон ба "минтақаи сабз" шомил мешавад. (видеои Настоящее время)​

- "Ховарон" шаҳраки "муосир", вале бе шабакаи обу корез. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар маҳаллаи “Ховарон” сокинон бо тадриҷ бо оби ошомиданӣ ва системаи корез таъмин мешаванд. Феълан ҳазорон сокини маҳалла ҳар мошин оби ошомиданиро то сад сомонӣ мехаранд (видео)

- "Чаро ин қадар гарон?" Дар Қазоқистон нархҳо гарон шуданд. (видео)

-Карантин баҳона аст. Мақомоти қазоқ иҷозати тазоҳурот дар минтақаҳоро намедиҳанд​. (видео)​

- Осиё: парвандаи берун бурдани садҳо миллион доллар. Дар марз бо Чин миллионҳо долларро дуздидаанд. Ҷабборов омодааст, номзад ба мақоми президентии Қирғизистон шавад. Дар Тоҷикистон "шикор"-и наваскарон идома дорад. (видео)

- Модари тоҷик мегӯяд, шаҳрро бo деҳааш иваз намекунад. Дар Тоҷикистон ба руйхатгирии аҳолӣ рӯзи 15-уми октябр ба поён расид, ки маълум мекунад, чанд дар сади аҳолӣ шаҳринишин шудаанд. Бар асоси нуфусшумории 10 соли пеш 70 дар сади аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекарданд. Зиндагии деҳа барои як зан чӣ гуна аст? (видео)

- СОVID-19 аҳволи ширкатҳои саёҳӣ ва меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро бад кард. Пандемияи COVID-19 вуруди саёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистонро камтар ва ҳоли ширкатҳои саёҳиву меҳмонхонаҳоро бад кардааст (видео)

- Деҳае, ки 10 сол боз мунтазири барқ дар Турсунзода аст. Дар яке аз деҳаҳои начандон дур аз шаҳри Турсунзода, ки шаҳри саноатии Тоҷикистон аст, маҳаллае вуҷуд дорад, ки сокинонаш 10 сол боз нерӯи барқ надоранд (видео)

- "Боздошт"-и бабре, ки ба чорвои сокинон дар Рӯшон ҳамла кардааст. Бабри барфие, ки ба чорвои сокинони ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон ҳамла карда буд, «боздошт» ва ба ноҳияи Мурғоб, 400 километр дуртар аз ин мавзеъ, «бадарға» шудааст (видео)

- Тоҷбибӣ чаҳор шавҳар кардааст, сетоашро куштаанд. Бо идомаи музокироти ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар ҳазорон хонаводае, ки азизонашонро дар ҷанги тулонӣ талаф додаанд, умедворанд, дар ниҳоят ба кишварашон сулҳ меояд. Дар байни онҳо як зане ҳаст, дар вилояти Кунар, ки се шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва бо чанд фарзанд танҳо мондааст. (видео)

- Қазоқистон ба қазоқтаборони фирорӣ аз Чин паноҳгоҳ дод. (видео аз Директ)

- Санҷиши воксинҳои зидди коронавирус чи гуна мегузаранд. Мақомоти рус дар бораи санҷиши воксинаи худии зидди коронавирус гузориш медиҳанд. (видео)

- Қаробоғи кӯҳӣ. Ҷанге бе пирӯз. Арманистону Озарбойҷон ду дафъа аст, оташбас эълон мекунанд, вале яке мегӯяд, ки дигарӣ созишро риоят намекунад ва баръакс. Дар ин миён мардуми бегуноҳ талаф мешаванд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG