Ссылки доступа

Эътилофи бозорҳои Қирғизистон: Тоҷирон наметавонанд, молашонро дастрас кунанд


Аз оғози вабои коронавирус соҳибкорон ва боркашонҳои Қирғизистон наметавонанд, молашонро дастрас кунанд. Се фасли тиҷорат барбод рафт, барбод рафтани фасли чаҳорум ҳам аз эҳтимол дур нест.

Дар ин бора Дамира Долоталиева, президенти Эътилофи бозорҳои Қирғизистон дар мулоқот бо вазири иқтисоди он кишвар хабар дод.

"Бо баста шудани марзҳои Чин панҷ моҳ аст, ки соҳибкорон наметавонанд, молашонро ворид кунанд. Бо гузашти ҳар рӯз вазъ бадтар мешавад, бисёриҳо қарздоранд, соҳибкорон, боррасонҳо ва тоҷирон дар ҳоли баде қарор доранд. Дархости мо танҳо зиёд кардани зарфияти воридсозии молу маҳсулот аст", - гуфт вай.

Вазири иқтисоди Қирғизистон Санҷар Муканбетов гуфт, ҳавасманди ҳар чи зудтар пайдо кардани роҳи ҳал барои ин мушкил аст.

Тиҷорати хориҷии Қирғизистон дар моҳҳои январ-августи соли 2020 3,5 млрд долларро ташкил додааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 22,1 дарсад камтар аст. Воридот 31,6 дарсад коҳиш ва содирот 3,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG