Ссылки доступа

Қазоқистониҳо зидди тарҳи қонун дар бораи хушунати маишӣ имзо ҷамъ меоранд


Дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон фаъолони маданӣ зидди тарҳи қонун "Дар бораи мубориза бо хушунати маишиву хонаводагӣ" имзо ҷамъ меоранд.

Фаъолон бар ин боваранд, ки тарҳи қонун такмил нашудааст ва метавонад, хатару таҳдидҳоро ба хонаводаҳо бештар кунад ва ҳамзамон салоҳиятҳои мақомоти давлатиро афзоиш диҳад.

Айни замон фаъолон зидди қабул нашудани ин тарҳ бештар аз 10 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд ва ҷамъоварии имзоҳо идома дорад.

"Мо тасмим доштем, ки ҷамъоварии имзоҳоро ба поён расонем, аммо одамон дархост карданд, ки имзогузорӣ тамдид шавад. Мардум ба натиҷа расиданд, ки метавон, "не" гуфт. Имзоҳоро ба порлумон ва дастгоҳи президент мефиристем. Мо гуфтугӯи мустақимро бо вакилон интизор дорем. Мардуми одӣ суоли зиёд дорад", - гуфт Дина Садриддинова, яке аз дастандаркорони ҷамъоварии имзоҳо.

Фаъолон мегӯянд, мафҳуми "хушунат" дар тарҳи нави қонун ба таври хатарнок густариш дода шудааст. Ба гуфтаи онҳо, бино ба тарҳи нав, дар бархе ҳолатҳо баҳсҳои марбут ба хушунат то ба додгоҳ нахоҳад расид.

Ба илова, бино ба қонуни нав, мақомоти давлатӣ ҳақ пайдо хоҳанд кард, ки кӯдакро аз хонавода бигиранд ва ё ҳуқуқи падару модарро маҳдуд кунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар маҷмуъ тарҳи қонуни нав бо кодекси оила, кодекси ҷиноӣ ва кодекси қонунвайронкунии маъмурӣ ихтилоф дорад.

XS
SM
MD
LG