Ссылки доступа

Раҳбари мухолифони Белорус ба корпартоии умумӣ даъват кард (видео)


Акция протеста в Минске

Светлана Тихоновская, номзади мухолифони ҳукумати Белорус дар интихоботи президентии ахири ин кишвар, дар пайи саркӯби дубораи эътирозгарон дар рӯзи якшанбеи 25-уми октябр, эълон кард, ки аз рӯзи душанбе корпартоии сартосарӣ оғоз мешавад.

Тихоновская пеш аз ин ба Александр Лукашенко "аз тарафи миллат" ултиматум дода буд, ки то бегоҳи якшанбеи 25-уми октябр аз мақомаш канорагирӣ кунад ва дар ғайри он аз мардум даъват мекунад, ки коршиканиро оғоз кунанд.

Беш аз сад ҳазор нафар рӯзи якшанбе дар Минск, пойтахти Белорус бо вуҷуди ҳузури нерӯҳои зиёди интизомӣ, ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд ва раҳпаймоӣ карданд. Ин раҳпаймоӣ дар ҳоле баргузор шуд, ки Вазири умури дохилии Белорус ҳушдор дода буд, ки мардум набояд дар гирдиҳамоии бидуни иҷозат ширкат кунанд.

Бар асоси гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ, бо ҳаракати даҳҳо ҳазор нафар аз эътирозгарон ба тарафи майдони "Истиқлол"-и Минск, ки парчаҳои сурх ва сафеди ҷунбиши мухолифи ҳукумати Белорусро бо худ доштанд, нерӯҳои амниятӣ ба тарафи онҳо норинҷакҳои садодор партоб карданд.

Ин гузориш мегӯяд, барои пароканда кардани эътирозгарон аз тирҳои пластикӣ низ истифода шудааст, ки дар натиҷа як нафар захм бардоштааст. Партоби норинҷаки садодор низ боиси захмӣ шудани як нафар шудааст. Ҳамзамон гурӯҳҳои ҳуқуқи башар гузориш додаанд, ки беш аз 120 нафар боздошт шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русии "ТАСС" ва РИА Новости, пулиси Белорус истифодаи чунин силоҳҳоро таъйид кардааст.

"Марш народного ультиматума" и светошумовые гранаты
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:41 0:00

Ин дар ҳоле аст, ки Светлана Тихоновскайя рӯзи 25-уми октябр бо нашри як баёния гуфт, "режим бори дигар ба белорусиҳо нишон дод, ки нерӯ танҳо абзоре аст, ки метавонанд ба кор баранд. Аз ҳамин сабаб, аз фардо, 26-уми октябр коршиканӣ оғоз хоҳад шуд".

Вай пеш аз ин аз мардуми Белорус хоста буд, ки бо мондан дар хонаҳои худ дар рӯзи 26-уми октябр, дар коршиканӣ иштирок дошта бошанд.

То кунун беш аз 12 ҳазор нафар дар Белорус дар ҷараёни эътирозҳои ахир боздошт шуда ва садҳо нафар низ шиканҷа шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ҳукумати Лукашенкоро ба расмият нашнохтаанд.

XS
SM
MD
LG