Ссылки доступа

Бо гузашти шаш моҳ кӯмакҳои ваъдагии президенти Узбекистон ба соҳибкорон нарасид (видео)


Соҳибкорон аз ноҳияи Алати вилояти Бухорои Узбекистон мегӯянд, садҳо гармхонаи онҳо дар шамоли сахти рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ тахриб шуда, бо вуҷуди ваъдаи президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев, то кунун кӯмаке ба онҳо нарасидааст.

Барои бартараф кардани оқибати офати табиӣ дар вилояти Бухоро президенти он кишвар 28 апрел фармони ҷудо кардани 9,6 млн долларро имзо кард.

Аммо соҳибони гармхонаҳо мегӯянд, барои барқарорсозии гармхонаҳо аз сӯи давлат кӯмаке нарасидааст.

Бархе аз ин соҳибкорон барои бунёди гармхонаҳо аз бонкҳо қарз гирифтаанд.

"Ман аз гармхонаам танҳо ду маротиба 100 килограмӣ помидор фурӯхтам. Ҳангоми тундбод гармхонаи ман ғайри қобили истифода шуда, аз ҳам фурӯ рехт. Маблағ надорем, ки онро барқарор кунем", - гуфт як соҳибкор аз ноҳияи Алат.

Бархе аз дигар соҳибони гармхонаҳо мегӯянд, ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат ва хостори ҳалли мушкилашон шудаанд. Аммо мақомот вокунише нишон надодаанд.

"Акнун ду роҳ боқӣ мондааст: ё бонк хонаи маро дар ивази қарз меситонад ва ё ман як гурдаамро мефурӯшаму қарзро мепардозам", - соҳибкор аз ноҳияи Алати Узбекистон.

Шумори ин гуна соҳибкорон ба садҳо тан мерасад, ки аз тундбоди моҳи апрел зиён дида, то кунун кӯмаке дарёфт накардаанд.

Мақомоти ноҳияи Алат ахиран дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки дар фикри ҳалли ин мушкили соҳибкорон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG