Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ба бархе аз мактабҳо иҷозаи таҳсили анъанавиро доданд


Дар Қазоқистон, сарфи назар аз маҳдудиятҳои карантинии марбут ба вабои коронавирус, ба мактабҳое, ки то 300 хонанда доранд, иҷозаи барқарории шакли анъанавии таҳсилро доданд.

Дар ин бора комисияи байниидоравии Қазоқистон рӯзи 26 октябр қарор қабул кард. Хонандагон дар чаҳоряки дувуми таҳсил, бо риояи ниқобпӯшӣ ва назофати мактаб, ба шакли анъанавии омӯзиш бармегарданд.

Хонандагон дар Қазоқистон як чаҳоряки баҳорӣ ва чаҳоряки аввали тирамоҳиро ба таври фосилавӣ таҳсил карданд. Волидони хонандагон аз мушкилоти ин навъи таҳсил шикоят доранд. Ба гуфтаи волидон, сифати ин навъи таҳсил паст аст, омӯзгорон маҳорати таълим додан дар шакли фосилавии таҳсилро надоранд ва дастрасӣ ба интернет ҳам таъмин нест. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ба далели паҳншавии вабои коронавирус маҷбур шуданд, ки ин навъи таҳсилро ба роҳ монанд.

Чаҳоряки аввали соли нави хониш дар Қазоқистон 4 ноябр ба анҷом мерасад ва чаҳоряки дувум рӯзи 16 ноябр шуруъ мегардад.

Дар ҷаласаи байниидоравии Қазоқистон ҳамзамон қарор қабул шуд, ки аз рӯзи 2 ноябр фаъолияти театрҳо барқарор шавад. Дар театрҳо дар Қазоқистон ҳанӯз моҳи март баста шуд.

Ҳамзамон аз рӯзи 2 ноябр намозхонӣ дар масоҷиди он кишвар низ бо риояи тартибот, аз ҷумла адои намоз бо ҳузури на бештар аз 100 одам, пӯшидани ниқоб ва риояи меъёрҳои беҳдоштӣ иҷозат шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон то имрӯз 110 ҳазору 542 ҳолати мубталошавӣ ва 1825 ҳолати фавт аз вабои коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG