Ссылки доступа

Дар Фаронса баъди изҳороти Макрон ба даҳҳо сомона ҳамлаи ҳакерӣ сурат гирифт


Президент Франции Эммануэль Макрон у гроба убитого учителя Самюэля Пати
Президент Франции Эммануэль Макрон у гроба убитого учителя Самюэля Пати

Хабаргузории "Франс Пресс" навиштааст, ки шаби душанбе ба сешанбе дар Фаронса даҳҳо сомона мавриди ҳамлаи рахнагарони исломӣ қарор гирифтаанд.

Дар сомонаҳо, аз ҷумла сомонаҳои маъмурияти ноҳияҳо шиорҳои даъват ба пирӯзии дини Ислом, паёмбар Муҳаммад, марги Фаронса ва акси президенти ин кишвар Эммануэл Макрон дар шакли хук нашр шудааст.

Ин ҳамлаҳо баъди изҳороти Макрон дар робита ба куштори омӯзгор Самюэля Патӣ анҷом шуданд, ки дар ҷараёни дарс карикатураҳои паёмбарро нишон дода буд. Макрон омӯзгорро "қаҳрамони сокит" ва куштори ӯро "ҳамлаи террористии исломӣ" номид. Макрон гуфт, Ислом дар як вазъи буҳронӣ қарор дорад ва ӯ сокинони кишварашро ба ҳифзи арзишҳои дунявӣ ва Фаронса аз "Исломи ифротӣ" даъват кард.

​Изҳороти Макрон дар бораи Ислом нигарониҳоеро дар як қатор кишварҳои Ховари Миёна ба бор овард. Президенти Туркия ба Макрон тавсия дод, ки "табобати равонӣ" бигирад.

Муфтии Чеченистон ва мушовири раисҷумҳури ин кишвар Ҳоҷӣ Салоҳ Межиев президенти Фаронсаро "террористи рақами 1" хонд.

Дар посух ба пуштибонии Макрон аз ин карикатураҳо, дар кишварҳои мусалмоннишини ҷаҳони Араб даъватҳо ба бойкоти харидории маҳсулоти фаронсавӣ садо дод. Макрон гуфт, ки “Фаронса ҳеҷ гоҳ аз карикатураҳои мо даст намекашад”.

Ҳоло бойкоти харидории маҳсулоти сохтаи Фаронса дар Қатару Кувайт ҷараён дорад ва интизор меравад, ки дар Урдун ва дигар кишварҳо идома пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG