Ссылки доступа

"Боғи миллӣ" дар Фархор аз оташу беобӣ "сӯхтааст" (видео)


Национальный парк в Фархоре засыхает
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:54 0:00

Национальный парк в Фархоре засыхает

Садҳо дарахти мевадиҳанда дар “Боғи милӣ”-и ноҳияи Фархор, ки мақомот онро дар Хатлон камназир меномиданд, пас аз сӯхтор дар тобистони имсол рӯ ба хушкӣ овардааст.

Масъулини боғ мегӯянд, ки таваҷҷӯҳ накардани раҳбарони ноҳия ва набуди об ин боғро аз байн мебарад. Онҳо мегӯянд, агар об мебуд, имкони наҷоти дарахтон аз хушкшавӣ вуҷуд дошт.

Садбарг Ҳусайнова, роҳбари “Боғи миллӣ”-и ноҳияи Фархор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар се сол ду раис иваз шуд, вале ба боғи онҳо таваҷҷӯҳ накарданд.

Ӯ гуфт, ки даҳҳо бор назди раиси кунунӣ ва собиқи ноҳия рафт, вале масъалаи таъмини боғ бо об ҳал нашуд.

Замини боғ тасодуфан замоне оташ гирифтааст, ки як деҳқон замини кишоварзии худро поккорӣ мекардааст.

“Се сол шуд, ки об нест ва ба боғ об намерасад. Раиси пешини ноҳия Вализода Сулаймон буд, таваҷҷӯҳ накард. Баъди рафтани ӯ Рустам Раҳматзода шуд, чанд маротиб ба пешаш рафтам муроҷиат кардам, аммо таваҷҷӯҳ накард. Вақте боғ сухт, омаду боз моро гунаҳгор кард, вале ман ҷавобашро дода гуфтам, ки раис зане, ки гириста ба пешатон меомад, ана ҳамон манам”,--гуфт мусоҳиби мо.

Зани боғбон нақл кард, ки баъди оташсӯзӣ мақомот барои кӯмак чанд нафарро фиристоданд, то обро ба боғ расонанд, вале тавони кормандони мақомот ҳам ба овардани об нарасид ва акнун ҳамаи дарахтони "Боғи миллӣ" хушк шудаанд.

"Боғи миллӣ"-и ноҳияи Фархор соли 2010 бо ташабуси раиси вақти ноҳияи Фархор ва ҳоло раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бунёд шуда буд. Замони бунёди ин боғ бештари дарахтонаш аз вилояти Суғд ворид шуда буданд.

Масъулини боғ мегӯянд, боғ дар минтақа назир надошт.

Мақомоти ноҳияи Фархор ҳам эътироф мекунанд, ки дар таъмини об ба боғ танқисӣ кашидаанд. Онҳо мегӯянд, нафаре, ки бо айби ӯ боғ сӯхт ҷазо додаанд.

Рустам Раҳматзода, раиси ноҳияи Фархор дар нишасти хабарии тобистонааш гуфта буд, ки онҳо ба “Боғи миллӣ” таваҷҷӯҳ доранд, аммо аз сабабе, ки аз 32 насоси обкашӣ 10-тои он кор намекунад, имконияти пурра бо об таъмин кардани заминҳоро надоранд.

“Боғи миллӣ”-и ноҳияи Фархор дар канори шаҳраки ноҳияи Фархор ҷойгир буда, дар 20 гектар бунёд ёфтааст.

XS
SM
MD
LG