Ссылки доступа

Дар Туркманистон наздикони фаъоли маданиро маҷбур доранд, то ӯро "хоин" биноманд


Дар Туркманистон хешовандони фаъоли мадании 29-сола Дурсолтан Тагановаро, ки дар Туркия ба сар мебарад, ба шуъбаи пулис даъват карда, маҷбур мекунанд, то дар рӯбарӯи дурбин вайро хоин биноманд.

Таганова 19 июли соли равон чанд соат пеш аз ҳамоиши эътирозӣ дар назди консулгарии Туркманистон дар шаҳри Истамбул бо гумони нақзи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус боздошт шуд. Ӯ ҳамроҳи 80 ҳамватани худ мехостанд, зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Туркманистон эътироз намоянд.

Мақомоти Туркманистон талош карданд, вайро ба ватан истирдод кунанд. Вале пулиси Истамбул дар пайи даъвати 11 созмони ҳомии ҳуқуқ Тагановаро озод кард. Сипас мақомоти туркман зидди ӯ бо гумони қаллобӣ парванда боз карда, ӯро таҳти пайгарди қонунӣ қарор доданд.

"Худи он рӯз бародари Таганова Бобоҷони 27-соларо ба шуъбаи пулиси шаҳри Туркманобод даъват карда, гуфтанд, зидди хоҳараш парванда боз шуда, ӯ таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад ва дар сурати бозгашт ба ватан дастгир хоҳад шуд", - омадааст дар изҳороти созмонҳо.

Модари Таганова - Марямгул ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтааст, ки фишор ба хешовандони онҳо моҳи июни соли равон пас аз баромади нахустини духтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зидди ҳукумати Туркманистон оғоз шудааст.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти туркман дар баробари волидону бародари Таганова ба шавҳари собиқ, хола ва тағояш низ фишор овардаанд, то дар рӯбарӯи дурбин ӯро "хоини ватан" биноманд.

XS
SM
MD
LG