Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо масъалаи ҷудо кардани $6 млн ба Қирғизистонро ба таъхир гузошт


Иттиҳоди Аврупо (ИА) иҷрои барномаеро то соли 2021 ба таъхир гузошт, ки дар доираи он барои рақамисозӣ дар Қирғизистон бояд 6 миллион доллар ҷудо мешуд. Ин хабарро дар намояндагии иттиҳод дар Бишкек тасдиқ карданд.

Ба огаҳии намояндагии иттиҳод, иҷрои барномаҳои пешини ИА дар Қирғизистон, ки ба бахши маориф, тандурустӣ, таъмини дастрасии сокинон ба оби тозаи нушокӣ равона шудааст, идома меёбанд.

Баррасӣ ва коркарди барномаҳои нави ҳамкории ИА ва Қирғизистон барои солҳои 2021-2027 бо ҳукумати нави ин кишвар, ки қарор аст баъди интихоботи порлумонии такрорӣ ташкил шавад, сурат мегирад.

Қирғизистон ба далели рӯбарӯ шудан бо мушкили молӣ талош дорад, аз шарикони байналмилалӣ кумак дарёфт кунад. Пештар хабар дода шуд, ки вазири умури хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев барои дастгирии буҷаи давлатӣ аз ИА кумак хостааст. Дар Вазорати молияи Қирғизистон низ гуфтанд, Бишкек 100 миллион доллареро мунтазир аст, ки Москва ваъда карда буд.

XS
SM
MD
LG