Ссылки доступа

Донишҷӯён аз Осиёи Марказӣ дархости иҷозаи вуруд ба Русияро доранд


Донишҷӯёни хориҷие, ки дар Русия таҳсил мекунанд, бо ирсоли номаи бозе ба ҳукумати Русия дархост кардаанд, ки ба онҳо иҷозаи вуруд ба кишвар ва идомаи таҳсил дода шавад.

Донишҷӯён дар нома навиштаанд, дарсҳои фосилавие, ки донишгоҳҳо пешниҳод мекунанд, ба талаботи таҳсил ҷавобгӯ нестанд.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳанӯз дар оғози моҳи сентябр ваъда карда буд, ки "ин мушкил дар фурсатҳои наздик ҳал мешавад". Аммо маҳдудиятҳои вобаста ба вабои коронавирус дар Русия дубора сахттар шуданд.

Гуруҳе аз донишҷӯёни узбек, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ба унвонии ҳукумати Русия нома фиристода, хостори иҷозаи вуруд ба кон кишвар шудаанд.

"Мо бояд ба таҳсили анъанавӣ баргардем. Миёни мо донишҷӯёне ҳастанд, ки ихтисосашон иҷоза намедиҳад, таҳсили фосилавӣ гиранд. Мо дастрасӣ ба озмоишгоҳу китобхонаҳои вижа надорем, дарсҳои таҷрибӣ дастрас нестанд. Бархеҳо бо ин сабабҳо наметавонанд, кори дипломиву диссертатсия ҳимоя кунанд", - омадааст дар нома.

Номаро донишҷӯён аз Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигар имзо кардаанд.

XS
SM
MD
LG