Ссылки доступа

Шикоят аз ҳамватан. Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар Русия ҷарима кардаанд


Пулиси Санкт-Петербург ҳудуди 20 муҳоҷири тоҷикро барои сабти тақаллубии ҷойи зист 5 ҳазор рублӣ ҷарима кардааст. Муҳоҷирон рӯзи 25-уми октябр ҳангоми тафтиши пулис боздошт шуданд. Онҳо гуфтанд, намедонистанд, ки сабти ҷойи зисташон қалбакӣ аст.

Сӯҳроб, яке аз ин муҳоҷирон, рӯзи 27-уми октябр гуфт, пулис нишонии ҷойи истиқомати онҳоро дар махзани иттилоотиаш пайдо накард.

Ин муҳоҷир гуфт, онҳо дар хобгоҳи умумӣ зиндагӣ мекунанд ва барои сабти ҷойи зист як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ёрӣ карда буд. “Ҳоло дигар ӯро пайдо намекунем, ки гӯем, чаро моро дурӯғ сабт кардааст. Фикр мекардем, бо раҳбари хобгоҳ гап задааст ва моро дар ҳамин шаҳр сабт кардааст”, -- афзуд ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, дар чунин ҳолат ба муҳоҷирон кумак кардан душвор аст, чун қонунро вайрон кардаанд.

Бар асоси муқаррароти давраи пандемия дар Русия, муҳоҷирон то 15-уми декабр бе сабти ҷойи истиқомат ихроҷ ё ҷарима намешаванд, аммо дар сурати пайдо шудани сабти қалбакии ҷойи зист ҷарима мешаванд.

Ҳарчанд тафтиши санадҳои муҳоҷиронро низ ба таъхир андохтаанд, пулиси Русия бо баҳонаҳои дигар зуд-зуд муҳоҷиронро боздошт ва тафтиш мекунад.

Аксаран, ба гуфтаи муҳоҷирон, баҳонаи тафтиши макони зисти онҳоро ҷустуҷӯи маводи мухаддир ё адабиёти ифротӣ унвон мекунанд ва гуё баъдан дар рафти ин санҷиш қонуншиканиҳои дигар ба монанди надоштани сабти ҷойи зистро ошкор мекунанд. Мақомоти Русия расман дар бораи ҳодисаҳои ҷудогона гузориш намедиҳанд, аммо дар маҷмуъ мегӯянд, ҳадафшон муайян кардани қонуншиканиҳо аст ва давраи пандемия истисно нест.

Муҳаммад Собиров, як фаъоли ҳуқуқ дар Русия, мегӯяд, сабти ҷойи иқомат яке аз мушкили асосии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аст.

Ба гуфтаи ӯ, соҳибони хонаҳои иҷора манзилашонро барои истифода ба муҳоҷирон медиҳанд, аммо розӣ намешаванд, ки дар он ҷо онҳоро расман ҳамчун сокини муваққатӣ сабт кунанд.

Аз ин рӯ, Собиров мегӯяд, бисёре аз муҳоҷирон дар як макони дигар зиндагӣ мекунанд, вале сабти аслии маҳалли зисташон дар ҷойи дигар аст: “Аз ин мушкил қаллобон истифода мебаранд ва аз муҳоҷирон маблағи муайян гирфита, ваъдаи сабти ҷойи иқомат медиҳанд ва ё онҳоро сабти қалбакӣ мекунанд. Муҳоҷирон дар ин масъала бояд эҳтиёт кунанд, то ба мушкили ҳуқуқӣ гирифтор нашаванд.”

Ин фаъоли ҳуқуқ дар Русия мегӯяд, барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ қаблан муҳоҷирон ихроҷ мешуданд, ҳоло то нимаи моҳи дигар хориҷ кардан аз Русия боздошта шудааст.

Русия мизбони ҳудуди як миллион корҷӯ аз Тоҷикистон аст. Муҳоҷирони тоҷик, ки аксаран дар сохтмон кор мекунанд, аз шароити хуби маишӣ бархӯрдор нестанд.

Нақзи пайвастаи ҳуқуқи онҳо ба кор ва зиндагӣ дар Русия расонаӣ мешавад. Аммо мақомоти Русия ҳамеша гуфтаанд, хости онҳо риояи қоидаҳои будубош дар он кишвар асту бас.

XS
SM
MD
LG