Ссылки доступа

Ситоди Трамп гуфт, ба сомонааш ҳамлаи ҳакерӣ шудааст


Дональд Трамп
Дональд Трамп

Ситоди пеш аз интихоботии президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод, ки сомонаи он мавриди ҳамлаи рахнагарони ношинос қарор гирифтааст.

Рахнагарон тавонистаанд, идораи сомонаи ситодро ба даст гиранд. Дар натиҷа корбарон ҳангоми вуруд ба сомонаи Трамп хабари рахнашавии онро дарёфтаанд. "Ҷаҳон аз хабарҳои дуруғе, ки президент Доналд Трамп ҳамарӯза паҳн мекунад, хаста шудааст. Ҳоло замоне расидааст, ки ҷаҳон бояд ҳақиратро бидонад", - навиштаанд рахнагарон.

Ба огаҳии ситод, ҳамлагарон ба ҳеч гуна маълумоти муҳиме даст наёфтаанд. Зеро дар сомона ин гуна маълумот ҳифз нашуда буд.

Сомона дертар барқарор карда шуд. Таҳқиқи ҳамла идома дорад.

ИМА вақтҳо ахир чанд бор аст, хабар медиҳад, ки ниҳодҳои ин кишвар дар арафаи интихоботи президентӣ мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор мегиранд. Бюрои федеролии тафтишотӣ ахиран хабар дод, ки яке аз ҳамлаҳоро рахнагарони мавриди ҳимояти Русия анҷом додаанд.

Интихоботи президентии ИМА 3 ноябри соли равон аст.

XS
SM
MD
LG