Ссылки доступа

Як соҳибкор ба деҳи ташналабе дар Кӯлоб оби мусаффо овард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Квота доданд, хонду мутахассис шуд, вале коре наёфт. Садҳо ҷавони тоҷик аз ноҳияҳои дурдаст, ки бо мусоидати ҳукумат таҳсили карданду мутахассис шуданд, дар зодгоҳҳояшон ҷойи кор намеёбанд ва саргардону нигарон шудаанд. (видео)

- Як соҳибкор ба деҳи ташналабе дар Кӯлоб оби мусаффо овард. Соҳибкори хайрхоҳе чоҳе канда ва ҳудуди 500 хонаводаро дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб бо об таъмин кардааст. Соҳибкори савобҷӯ нахостааст, нома ифшо шавад, аммо сокинони деҳи Баҳористон, ки зиёд аз беобӣ танқисӣ мекашиданд, аз ӯ сипосгузоранд. (видео)

- Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар Русия ҷарима кардаанд. Пулиси Санкт-Петербург ҳудуди 20 муҳоҷири тоҷикро барои сабти тақаллубии ҷойи зист 5 ҳазор рублӣ ҷарима кардааст. Муҳоҷирон рӯзи 25-уми октябр ҳангоми тафтиши пулис боздошт шуданд. Онҳо гуфтанд, намедонистанд, ки сабти ҷойи зисташон қалбакӣ аст (видео)

- CОVID-19 Аврупоро "ба танг овардааст". Бо авҷ гирифтани сирояти коронавирус дар саросари кишварҳои Аврупо, маҳдудиятҳо дар гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро сахттар мекунанд.Дар Амрико ҳукумат иҷоза дод, ки аз ин баъд доруи Ремдезивир барои муолиҷаи беморони COVID-19 истифода шавад. (видео)

- COVID-19 гушти мушро хӯроки қисме аз мардуми Малавӣ кард. Дар Малавӣ, яке аз кишварҳои фақири Африқо, ки бештар аз нисфи мардумаш фақиру бенаво ҳастанд, бемории СОVID-19 балои дигаре бар сари ин мардум овард. Ба сабаби камтар шудани имконот барои кору пайдо кардани рӯзӣ, сокинони баъзе аз рустоҳои ин кишвар ба шикору фурӯши гӯшти муш оғоз карданд. (видео)

- Чаро корманди Фурудгоҳи Душанбе худкушӣ кардааст? Шерафган Хоҷақулов, корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, нисфирӯзии 26-уми октбяр худкушӣ кардааст. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ба нишони эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Мақомот ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, ки додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст. (видео)

- Дуд рӯзи сокинони ду маҳаллаи Ҳисорро "сиёҳ" кардааст. Дар ноҳияи Ҳисор сокинони ду маҳаллаи наздик ба маркази шаҳр аз олудагии ҳавои маҳаллашон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, медонанд, вале пандемияи COVID-19 монеъи ҳалли мушкилӣ шудааст. (видео)

​- Низои навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Ин бор барои қубури обгузар​. (видео аз Директ)

- "Гӯшт харида наметавонам". Сокинони Тоҷикистон дар бораи гароншавии нархи маҳсулот. (видео аз Директ)​

- Боздошти бераҳмонаи фаъолони қазоқе, ки мехостанд ба маҳбусони сиёсӣ кумак кунанд. (видео аз Директ)

​- Бо зурӣ пароканда кардани роҳпаймоӣ дар Минск (видео)

- Боғи миллӣ дар Фархор хушк мешавад (видео)

- Дубнов: Ҷабборов ҳоло қудратро ғасб кардааст. Порлумони Қирғизистон тағйирот ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президентӣ ва порлумонӣ"-ро қабул кард. Ин тағйирот тартиби баргузории интихоботи такрории порлумониро муайян мекунад (видео)

- Чанд дисколкубро дар Хуҷанд бастанд. Мақомоти шаҳри Хуҷанд гуфтанд, фаъолияти марказҳои дилхуширо ба хотири риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ манъ кардаанд. Дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд рӯзи 23-юми октябр бо нашри изҳороте гуфт, "масъулини клубҳои шабона тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд" (видео)

- Вазирон бояд чӣ гуна бошанд? Хабарнигорон аз чанде роҳгузарон дар Душанбе пурсиданд, ки дар ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна шахсонро дидан мехоҳанд? (видео)

- Достони хушдоману келин дар Тоҷикистон куҳна шудааст? Ҳар рӯзи шанбеи сеюми моҳи октябр дар ҷаҳон рӯзи хушдоманҳост. Дар Тоҷикистон назарҳо дар бораи онҳо яксон нест. Иддае хушдоманҳоро барои беэҳтиромӣ ва ҷабр ба келинҳо танқид ва бархеи дигар барои ҳимояташон аз оилаҳои ҷавон ситоиш мекунанд (видео)

- Чаро мардум дар бораи масъалаҳои сиёсӣ назар намедиҳанд? Ба назар мерасад, раванди дурӣ ҷустани мардум аз баррасии мавзуъҳои сиёсӣ рӯз то рӯз барҷастатар мешавад. Иллат чист: тарс аз ибрози андеша, набудани огоҳии сиёсӣ ва ё бетафовутӣ? (видео)

- Қазоқистониҳо мухолифи ба намоиш даромадани қисми дувуми филми "Борат" ҳастанд (видео Директ)

- Интихоботи порлумонии Қирғизистон то моҳи марти соли оянда баргузор мешавад (видео)

- Осиё 360°: кӯчонидани шаҳракҳо. Дар вилояти Норини Қирғизистон (қариб 95% ҳудуди минтақаро куҳҳо ишғол кардаанд) ба далели тағйирёбии иқлим деҳаҳоро мекӯчонанд (видео Директ)

​- Муҳоҷирони узбекистон дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дар мондаанд (видео Директ)

- «Чаро ин қадар гарон?» Дар Қазоқистон маҳсулот дубора гарон мешавад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG