Ссылки доступа

Афзоиши ҳамлаҳои Толибон дар Бадахшон. "22 ноҳия шоҳиди даргириҳои хунин будаанд"


Дар ҳоле, ки музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар барои қатъи ҷанги беш аз чиҳилсола дар ин кишвар идома дорад, дар вилояти Бадахшон гурӯҳи Толибон ҳамлаҳояшонро бештар кардааст.

Ҳамакнун дар бисту ду ноҳия ё улусволии вилояти Бадахшон даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон шиддат гирифтааст. Бархе аз ин минтақаҳо бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд.

Феълан даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар афтрофи Файзобод, ҳамчунин дар Баҳорак, ноҳияҳои душворгузар мисли Вардуҷ, Ҷурм, Кишм, Роғистон, Кӯфоб, Нусай ва Моймайи Дарвоз идома доранд. Бархе аз ин минтақаҳо бо вилоятҳои Хатлон ва ВМКБ-и Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд.

Саноуллоҳ Рӯҳонӣ, сухангӯи пулиси Бадахшон гуфт, 22 ноҳия ба шумули бахшҳое аз Файзобод -- маркази маъмурии ин вилоят, тайи рӯзҳои гузашта шоҳиди даргириҳои хунин будааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳафтаи гузашта наздик ба даҳ тан аз нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.

"Толибон ба хотири он, ки дар музокироти сулҳ имтиёзи бештар ба даст биёваранд, ҳамарӯза ба пойгоҳҳои низомӣ ҳамла мекунанд",-афзуд ӯ. Вай ҳамчунин гуфт, ки беш аз 50 ҷангҷӯи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.

Мақомот маҳаллӣ дар ин вилоят мегӯянд, ҷанҷӯёни хориҷӣ, асосан аз Осиёи Миёна Толибонро дар Бадахшон ёрӣ мерасонанд.

Некмуҳаммад Назарӣ, сухангӯи ҳукумати Бадахшон гуфт, "дар канори Толибони дохилӣ ҳаросафканон аз гурӯҳҳои "Ансоруллоҳ"-и Тоҷикистон ва ӯйғурҳои Чин вуҷуд доранд ва мутаассифона гурӯҳи Толибон ӯҳдадориҳое, ки бо Амрико доштанд, онро амалӣ накарданд ва ҳанӯз ҳам ин гурӯҳ бо ДОИШ ва шабакаи "Ал-Қоида" иртибот дорад".

Ӯ гуфт, "ҳарчанд мавҷудияти террористони хориҷӣ барои мо хатарофарин аст, аммо нерӯҳои далери амниятӣ ҳамаи ҳамлаҳои муштараки террористонро ба ақиб заданд".

Аммо Толибон ҳузури ҷанҷӯёни хориҷиро дар сафҳояшон дар Бадахшон рад мекунанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ҳеҷ нерӯи хориҷӣ дар сафҳои ин гурӯҳ ҳузур надорад ва онҳо танҳо дар баробари нерӯҳои давлатӣ дар майдони ҷанг мубориза мекунанд.

Тобистони гузашта вазъи нигаронкунанда дар чанде аз ноҳияҳои Бадахшони Афғонистон, ба хусус Дарвози он, мақомоти қудратии Тоҷикистонро водор кард, ки нерӯҳои худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳким бахшанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд.

XS
SM
MD
LG