Ссылки доступа

"Шикор"-и таксиҳои "5-сомона" дар кӯчаҳои Душанбе (видео)


Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон амалиётро зидди ронандаҳои таксие оғоз карданд, ки дар масирҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ бо мусофиркашонӣ машғул ҳастанд.

Асосан бо ин навъи мусофиркашонӣ собиқ муҳоҷироне машғул ҳастанд, ки ба далели баста будани марзҳо наметавонанд дубора барои пайдо кардани кор ба хориҷ, аз ҷумла ба Русия бираванд.

В Душанбе начались облавы на нелегальные такси
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:36 0:00

Ронандагони таксиҳои мазкур мегӯянд, то оғози пандемияи коронавирус барои кор ба Русия, Олмон, Лаҳистон ва Шветсия мерафтанд. Вале ҳоло бо баста шудани марзҳо роҳи онҳо низ ба хориҷ масдуд шудааст ва маҷбур ҳастанд, бо мусофиркашонӣ машғул шаванд.

Афзоиши якбораи ин гуна таксиҳо норозигии ронандагон ва мақомоти пойтахти Тоҷикистонро ба бор овардааст. Онҳо ронандагони таксиҳоро ба он айбдор мекунанд, ки қоидаҳои роҳро риоят намекунанд ва ҳар ҷое рост омад, таваққуф мекунанд.

Як ронандаи таксӣ бо номи Рустам ба шарте розӣ шуд, бо мо суҳбат кунад, ки чеҳраашро нишон надиҳем. Ӯ гуфт, дар сурати намоиши чеҳрааш вайро ҷарима хоҳанд кард. Рустам мегӯяд, розӣ аст, ки расман кор кунад ва ба давлат андоз пардозад. Вале тибқи қоидаи ахир, онҳое метавонанд, дар Душанбе бо мусофиркашонӣ машғул шаванд, ки соли барориши мошинашон аз 2014 боло аст ва мошини Рустам куҳна аст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, маҷбур аст, ки барои таъмини нафақаи хонаводааш таксиронӣ кунад. "Агар навиштаи масирро пайдо кунанд, маро аз 500 то 800 сомонӣ ҷарима мебанд. Мардум аз Русия баргаштаанд. Дар инҷо на корхона асту на ҷои коре ва мақомот боз моро кор кардан намемонанд. Пас мо чӣ кор кунем?", - суол мегузорад ӯ.

В Таджикистане в разы выросло количество такси
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:09 0:00

Аз фаъолияти таксиҳои ба истилоҳ, "5-сомона" ронандагони мошинҳои шахсӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ норозӣ ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо, ронандагони таксиҳои мазкур дар бештари маврид қоидаҳои роҳро риоят намекунанд. "Ҳамаи таксиҳо ба кори мо халал мерасонанд. Бахсус, онҳое, ки дар масирҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мусофир мекашонанд. Онҳо пеши роҳро мегиранд ва намегузоранд, ки озод ҳаракат кунем", - шикоят дорад ронандаи троллейбас дар шаҳри Душанбе бо номи Хуршед.

Спрос превысил предложение: в Таджикистане все больше людей ищут работу на рынках труда
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:57 0:00

Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯянд, медонанд, ки сокинон ба далели баста будани марзҳо ва набудани ҷойи кори дигар таксӣ меронанд. Вале ба гуфтаи нозирон, ин ҳама наметавонад барои нақзи қоидаҳои ҳаракат ва қонун баҳона бишавад.

Мақомот дақиқ намедонанд, ки дар Душанбе чи қадар таксиҳо ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд. Ба иттилои расмӣ, то оғози пандемия солона то ниммиллион тоҷикистонӣ барои кор ба хориҷ мерафтанд. Вале ба иттилои ғайриирасмӣ шумори онҳо чандин баробар бештар аст.

XS
SM
MD
LG