Ссылки доступа

Белорус марзҳояшро бо Латвия, Литва, Лаҳистон ва Украина баст


Белорус бидуни огоҳии қаблӣ марзашро бо Латвия, Литва, Лаҳистон ва Украина баст.

Дар Кумитаи давлатии марзбонии Белорус баста шудани марзҳоро ба вабои коронавирус рабт доданд. Як рӯз пеш аз баста шудани марзҳо Александр Лукашенко гуфт, артиши Белорус омода аст, дар сурати ҳамла аз ин кишварҳо онро пас гардонад.

Расонаҳо менависанд, дар гузаргоҳҳо бо марзҳои кишварҳои зикршуда ҷамъшавии мошинҳо мушоҳида мешавад. Белорусиҳо шикоят доранд, ки наметавонанд, ба кишварашрон баргарданд. Айни замон танҳо ба мошинҳои дипломатӣ ва борбар иҷозаи вуруд дода мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки фурудгоҳи шаҳри Минск бидуни маҳдудият фаъолият дорад.

Рӯзи панҷшанбе Александр Лукашенко аз суҳбаташ бо котиби давлатии ИМА Майк Помпео хабар дод. "Ман ӯро огоҳ кардам: агар аз ҷониби Лаҳистон, Литва ё Украина ҳамлае сурат гирад, мо посух хоҳем дод". Ҳамон рӯз Лукашенко дастур дод, ки ҳифзи марз бо ин се кишвар пурзур карда шавад.

XS
SM
MD
LG