Ссылки доступа

Маҳдудиятҳои карантинӣ дар Туркманистон то оғози соли оянда боқӣ мемонанд


Дар Туркманистон гардиши қатораҳои мусофирбар ва автобусҳо байни минтақаҳо ҳадди ақал то 1 январи соли 2021 барқарор нахоҳад шуд.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллии он кишвар хабар доданд. Сомонаи ширкати "Роҳи оҳани Туркманистон" рӯзи панҷшанбе аз манъ шудани гардиши қатораҳо расман хабар дод.

Аммо ба таври ғайрирасмӣ гардиши автобус ва қатораҳо байни минтақаҳои Туркманистон ҳанӯз чанд моҳи пеш маҳдуд шуда буд. Ба навиштаи расонаҳо, ин маҳдудиятҳо ба пешгирӣ аз паҳншавии вабои коронавирус рабт доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти он кишвар то ҳол расман мавҷудияти вабои коронавирусро дар Туркманистон рад мекунанд.

Ба ҷуз аз манъ шудани гардиши автобусу қатораҳо, ҳамчунин дар чанде аз ноҳияҳои Туркманистон роҳҳои мошингардро бастаанд. Расонаҳо менависанд, эҳтимол дорад, аз 1 ноябр парвозҳои дохилӣ низ маҳдуд шаванд.

Манобеи расонаҳо аз дохили ҳукумати Туркманистон гуфтаанд, ки эҳтимол дорад, ки мақомоти кишвар аз 1 ноябр карантини сартосарӣ эълом кунанд.

XS
SM
MD
LG