Ссылки доступа

Дар Бишкек энергетикҳо тазоҳурот доранд


Як гуруҳ аз кормандони ширкати "Свереэлектро"-и Қирғизистон 30 октябр корпартоӣ карда, дар назди бинои ширкат ва ҳукумат даст ба тазоҳурот заданд.

Онҳо гуфтанд, аз иваз шудани раҳбари худ, ки бо қонуншиканӣ сурат гирифтааст, норозӣ ҳастанд. Ба гуфтаи тазоҳургарон, ивази раҳбарият танҳо як бозии сиёсӣ аст.

Намояндаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Марат Чолпонқулов ба назди тазоҳургарон баромада, аз онҳо даъват кард, ба маҳалли кори худ баргарданд. Чолпонқулов ваъда дод, ки барои масъалаи мавриди назари онҳо комиссия ташкил хоҳад шуд. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки аз миёни кормандони ширкат як раҳбари муваққатӣ таъйин шавад.

Пешниҳод шуд, ки ба ҳайати комиссияи мазкур намояндагони Бунёди идораи амволи давлатӣ, иттифоқи касабаи энергетикҳо ва иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ шомил шаванд. Чолпонқулов ваъда дод, ки мушкил рӯзи душанбе ҳал хоҳад шуд.

Тазоҳургарон талаб карданд, ки раҳбари пешини ширкат ба ҷои кораш баргардонида шавад.

Досқул Бекмурзоев 27 октябр аз мақоми раисии "Свереэлектро" барканор ва ба ҷояш Улан Астарқулов таъйин шуд. Тазоҳургарон гуфтанд, Бекмурзоев бо хоҳиши худ аз мақомаш канор нарафта буд.

XS
SM
MD
LG