Ссылки доступа

Қазоқистон ба ду қазоқтабори дигари фирорӣ аз Чин паноҳгоҳ дод


Иттиҳодияи сабтиномнашудаи "Нағыз Атажұрт" дар Қазоқистон хабар дод, ки қазоқтаборони фирорӣ аз Чин Кайш Акан ва Багашар Малиқулӣ барои як сол ҳаққи паноҳандагиро дар ин кишвар дарёфт карданд.

Вакилони дифои қазоқтаборон низ ин хабарро тасдиқ карданд. Малиқулӣ изҳор дошт, ки ҳаққи муваққатии паноҳандагӣ дар Қазоқистонро дарёфт намудааст. "Ман 28 октябр ҳуҷҷати паноҳандагиро дар Талдиқурғон гирифтам. Барои як сол доданд. Гуфтанд, феълан бо ин ҳуҷҷат гардед, баъдан боз мебинем", - гуфт Малиқулӣ.

Додгоҳи Қазоқистон пештар Кайша Аканро, ки аз Чин ба ин кишвар фирор карда буд, дар "убури ғайриқонуни марз" ва шартан шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Акани 43-сола гуфт, ба далели тарс аз таъқибҳои мақомоти Чин ва эҳтимоли ирсолаш ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" марзи Қазоқистонро ғайриқонунӣ убур кардааст.

Пеш аз ин, 17 октябр ду қазоқтабори дигари чинӣ - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ ҳам барои як сол дар Қазоқистон паноҳандагӣ пайдо карданд.

Мусохонулӣ ва Олимулӣ моҳи октябри соли 2019 аз Шинҷони Чин фирор ва тавассути убури марз вориди Қазоқистон шуданд. Ба маҳзи ворид шудан ба Қазоқистон, онҳо нишасти хабарӣ баргузор ва сабабҳои фирорашон аз Чинро нақл карданд. Ба гуфтаи Мусохонулӣ ва Олимулӣ, мақомоти Чин уйғурҳо, қазоқтаборон ва дигар мардуми бумии Шинҷонро, ки асосан пайрави ислом ҳастанд, таъқиб мекунанд.

XS
SM
MD
LG