Ссылки доступа

Дар Узбекистон мудири 11 оҷонси хусусии шуғлро суд мекунанд


Дар Узбекистон дар ҳоли ҳозир зидди 51 мудир ва масъули 11 оҷонси хусусии шуғл парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат ва равобити кории Узбекистон хабар доданд.

Бино ба иттилои расмӣ, ин оҷонсҳо наздики 79,1 миллиард сӯм (7,6 млн. доллар)-и 9 338 шаҳрвандро аз худ кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон 103 оҷонси хусусии шуғл ба қайд гирифта шудааст, ки 75-тоашон иҷозатномаи фаъолиятро доранд. Аз ин миён 25 оҷонс бар асоси иҷозатномаи мазкур фаъолият карда, солҳои 2019 ва 2020 барои 3214 нафар дар Русия, Туркия, Литва, Латвия, Лаҳистон, Булғористон, АМА, Белорус, Ҷопон, Қазоқистон, Украина ва Қатар кор пайдо кардаанд.

Расонаҳо пештар дар бораи садҳо узбекистоние хабар дода буданд, ки дар натиҷаи қаллобии оҷонсҳои хусусии шуғл зарар дидаанд. Бархе аз онҳо ҳатто дар майдони марказии шаҳри Тошканд эътироз карданд.

Дар натиҷа мақомоти Узбекистон маҷбур шуданд, дар ин замина қонунеро ба тасвиб расонанд, ки бар асоси он, "пардохти ҳаққи хизматрасонии дарёфти коргар аз ҳисоби корфармо ё фармоишгар ситонида мешавад".

XS
SM
MD
LG