Ссылки доступа

Зеленский хост, Додгоҳи конститутсионии Украина пароканда шавад


Президенти Украина Владимир Зеленский 30 октябр лоиҳаи қонунеро ба порлумон пешниҳод кард, ки қатъи ваколати Додгоҳи конститутсионии ин кишварро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин бекор шудани яке аз қарорҳои додгоҳ ва ваколати додрасҳое пешниҳод мешавад, ки онро содир кардаанд.

Лоиҳаи қонун "Дар бораи боварии ҷомеа ба истеҳсолоти судии конститутсионӣ" аз ду банд иборат аст. Як банди он бекор кардани қарори Додгоҳи конститутсионии Украина аз 27 октябро пешбинӣ мекунад. Додгоҳ он рӯз як қатор ваколатҳои Оҷонси миллии мубориза бо коррупсияи Украинаро хилофи Конститутсия номид.

Банди дувум барканории додрасҳоеро пешбинӣ намудааст, ки дар содиршавии қарори мазкур даст доштанд. Ҳамчунин ин банд оғози раванди интихоби ҳайати Додгоҳи конститутсиониро пешбинӣ намудааст.

Конститутсияи Украина барканории додрасхоро бо қарори президент ё порлумон пешбинӣ намекунад. Қарори барканории додрасҳоро худи додгоҳ бояд бо ҷонибдории аз се ду ҳисаи ҳайати конститутсионӣ қабул кунад. Ваколати додрасҳо танҳо дар сурати поёни муҳлат, ба сини 70 расидан, даст кашидан аз шаҳрвандии Украина ё нақзи қонунҳо қатъ мешавад.

Додгоҳи конститутсионии Украина 27 октябр ваколатҳои Оҷонси миллиии мубориза бо коррупсияро дар бораи назорат ва санҷиши эъломияи дороии мансабдорону вакилон, дастрасии шабонарӯзии шаҳрвандон ба рӯйхати эъломияҳо, пайгирии шакли зиндагии мансабдоронро хилофи Қонуни асосии ин кишвар эътироф карда буд.

Президенти Украина баъди судури ин қарор ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоиро баргузор кард.

XS
SM
MD
LG