Ссылки доступа

Баҳси пардохт нашудани маош дар Озоди Онлайн (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Роҳи дури мактаб духтаронро дар Фархор қолабшикан кард. Дучархасаворӣ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳанӯз кори писарона дониста мешавад, вале духтарони як деҳа дар Фархор қолабҳои мавҷудро шикаста, бо дучарха ба мактаб мераванд. (видео)

- Қонунӣ ё ғайриқонунӣ? Баҳси замин дар Панҷакент. Ҳукумати шаҳри Панҷакент тасмим дорад, ду иморати навсохти сокинони деҳаи Марғедари ҷамоати Рӯдакиро тахриб кунад ва пешниҳоди додани замини наздиҳавлигӣ ба 22 нафар эҳтиёҷмандро бекор намояд. Ин заминро соли 2018 ба сокинон доданд. Ҳоло чаро онро ғайриқонунӣ меноманд? Дар ин видео бубинед. (видео)

- Наврӯз Ҷаъфаров: Дар як рӯз то чор ҳазор нафарро аз КОВИД-19 ташхис карда метавонем. Арзиши ин навъи ташхис, макони анҷоми он ва тавону шаффофияти озмоишгоҳҳо дар замони пандемия миёни сокинон зиёд шунида мешаванд. Радиои Озодӣ барои посух ба ин ва дигар суолҳо дар робита ба ташхиси КОВИД-19 бо Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустӣ суҳбати ихтисоси анҷом дод. (видео)

- Теъдоде аз сокинони Консой оби "шӯр" менӯшанд. Сокинони шаҳраки Консой дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, аз набудани оби ошомиданӣ шикоят доранд. Консой дар шаҳри Гулистон, Қайроққуми собиқ, воқеъ аст, ки аз қаламраваш рӯди бузурги Сир мегузарад ва обанбари Қайроққум ҳам дар онҷост. (видео)

- Баҳси пардохт нашудани маош дар Озоди Онлайн. Худкушии як корманди бахши амнияти Фурудгоҳи Душанбе, ки наздиконаш онро ба пардохт нашудани маоши чандмоҳа рабт доданд, вале масъулони идора рад карданд, мавзӯи пардохти моҳонаи коргаронро дар Тоҷикистон доғ кард. Шерафган Хоҷақулов рӯзи 25-уми октябри имсол дар ҷойи кор худкушӣ кардааст. (видео)

- Хуршед Давлатбеков бе пойи равону забони бурро саробони модару падари пираш аст. Дар ин видео бо зиндагии як ҷавони маълули тоҷике ошно шавед, ки мегӯяд, ҳеҷ гоҳ намехоҳад, бекор биншинад. (видео)

- Қазоқистон ба ду фирории дигар аз Чин паноҳгоҳ дод​. (видео аз Директ)​

- Дар интихоботи президентии Қирғизистон барои Ҷабборов рақиби нерӯманд пайдо шуд. Адахон Мадумаров гуфт, барои курсии президентӣ дар Қирғизистон мубориза мебарад. Ба ҷуз ӯ, иҷрокунандаи вазифаҳои президент Содир Ҷабборов ҳам довталаби ин курсӣ аст. (видео аз Директ)

- "Маҳбусони сиёсӣ" афв мешаванд? Президенти Қирғизистон дар арафаи 30-солагии истиқлоли ин кишвар маҳбусонро афв мекунад. (видео)

- Сенати ИМА эҳтимол аст, қатли омми ақалиятҳоро дар Чин эътироф кунад​. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG