Ссылки доступа

Дар Бишкек тоҷирони "Дордой" даст ба тазоҳурот заданд


Даҳҳо тоҷири бозори "Дордой"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар назди бинои ҳукумати ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо боз шудани гузаргоҳи марзии "Торугарт" бо Чинро талаб доранд.

Яке аз иштирокдорон Диана Жайчибекова мегӯяд, тоҷирон барои мавсими нав дигар мол надоранд ва молҳои фармоишшуда дар марз дармондаанд.

Марзи Қирғизистону Чин аз моҳи феврали соли равон ба ин сӯ бастааст. Кормандони бозори "Дордой" чанд бор аст, аз мақомот боз кардани марз бо Чинро талаб мекунанд.

Дар пайи шуюи коронавирус бештари кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон марзи худро бо Чин бастанд. Дар ҳоли ҳозир марзи Қирғизистон қисман бо Русия, Қазоқистон ва Узбекистон боз аст.

XS
SM
MD
LG