Ссылки доступа

Тоҷикистон бо Русия "забон наёфт". Муҳоҷирон дар фурудгоҳ банд монданд


Беш аз 200 муҳоҷире, ки барои шаби 31-уми октябр ва 1-уми ноябр чиптаи парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Душанберо доштанд, ба Тоҷикистон парвоз карда натавонистанд.

Ду ҳавопаймои ширкати “Сомон-эйр”, ки қарор буд, барои овардани муҳоҷирон бираванд, аз ҷониби Русия иҷозаи парвоз дарёфт накарданд.

Зоиршоҳ, як тан аз муҳоҷирони дармонда дар фурудгоҳ рӯзи 1-уми ноябр гуфт, барои ӯ ва даҳҳо ҳамроҳаш манъи парвоз ғайриинтизор буд.

Ӯ гуфт, бо мушкилӣ чиптаи парвоз ба Тоҷикистонро дарёфт карда буданд.

“Дар фурудгоҳ ҳастем ва умед дорем, ки иҷозати парвоз медиҳанд. Шаб дар фурудгоҳ азоб накашидем, вале мақсади мо дар ин ҷо мондан нест”,--гуфт ӯ.

Дар фурудгоҳ ба муҳоҷирон гуфтаанд, ки бинобар хавфи афзоиши коронавирус барои чанд рӯз парвозҳо манъ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои парвозҳои чартерӣ бо Русия музокира ҷараён дошт, вале дар охирин лаҳза навтавонистанд ба мувофиқа расанд.

Як масъули Вазорати нақлиёт бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки касе интизор надошт, ки Русия чунин тасмим мегирад.

Ин манбаи огоҳ гуфт, шарти ҷониби Русия барои идомаи парвозҳо ин буд, ки бояд бештар ширкатҳои русӣ муҳоҷиронро ба ватан баранд.

“Ширкатҳои Тоҷикистон дар ҳолати бисёр бад қарор доранд. Онҳо шарт гузоштанд, ки аз панҷоҳ дар сад бештар ширкатҳои русӣ ба Тоҷикистон парвоз кунанд. Ин аз чанд ҷиҳат барои Тоҷикистон хуб нест ”,-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ин масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки “масъала ҳалшаванда аст”.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз охири моҳи март қатъ шуд.

То ин муддат танҳо тариқи рейсҳои чартерӣ афроди ниёзмандро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Мақомоти Русия дар чанд давра иҷоза дод, ки парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистон сурат гиранд. Бори охир, аз 9-ум то 31-уми октябр барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 107 парвози чартерӣ ё ғайринақшавӣ иҷозат шуда буд.

Парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-ум март инҷониб бинобар пандемияи короновирус қатъ шудаанд. Ба иттилои мақомот, дар ин давра тавассути парвозҳои чартерӣ ҳудуди 70 ҳазор шаҳрвандон аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд.

XS
SM
MD
LG