Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон пайвандгарони ғайриқонунии аъзои инсонро "сафед" кард


Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 2 ноябр табиби пайвандгар Ғанӣ Қуттимуродов ва сардухтури пешини бемористони №1 шаҳри Чимкент Абилой Донбойро, ки ба пайвандсозии ғайриқонунии гурда айбдор буданд, бегуноҳ хонд.

Баррасии парвандаи мазкур пушти дарҳои баста ҳудуди 7 моҳ дар додгоҳи пойтахти Қазоқистон идома кард.

"Тавре маълум шуд, табибон ҳангоми пайванд кардани гурда аз сохта будани ҳуҷҷатҳо хабар надоштанд ва худи ҷарроҳӣ дар асоси асноди лозимӣ расман сурат гирифтааст", - иттилоъ дод додгоҳ.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон як сол пеш аз боздошти сардухтури бемористони №1 шаҳри Чимкент хабар дода, гуфт, дар бемористони таҳти роҳбарии Абилой Донбой ҷарроҳии ғайриқонунии пайвандсозии гурда анҷом шудааст. Ба иттилои вазорат, амалҳои ҷарроҳӣ давоми солҳои 2017-2018 сурат гирифтааст.

"Асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина ба далели вазъи сахти моддиашон гурда мефурӯхтанд ва муштариҳои бемористон асосан шаҳрвандони хориҷи дур, аз ҷумла Исроил буданд", - гуфта буд вазорат.

Гумонбари севуми парванда, шаҳрванди Қирғизистон Бермет Тайсалова дар "иҷборан ё ғайриқонунӣ гирифтани узви бадани инсон", "сохтакории ҳуҷҷат" айбдор ва шаш сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Тайсалова гӯиё солҳои 2017 ва 2018 дар Қазоқистон барои сокиноне, ки таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд, имкон фароҳам овардааст, то роҷеъ ба хариду фурӯши аъзои инсон қарордод банданд.

XS
SM
MD
LG