Ссылки доступа

Ихтисори дастаҷамъии кормандони корхонаҳои шакари Узбекистон рад шуд


Вазорати меҳнат ва муносибатҳои кории Узбекистон хабари ихтисори дастаҷамъии кормандони ду корхонаи бузурги истеҳсоли шакар дар ин кишвар - "Ангрен шакар" ва "Хоразм шакар"-ро рад кард.

Ба огаҳии Нозироти давлатии меҳнат, дар "Ангрен шакар" ва "Хоразм шакар" кормандон бо ташаббуси худи раҳбарони корхонаҳо ихтисор нашудаанд. "Фаъолияти ин корхонаҳо ба иллати пандемияи коронавирус қатъ шуда, барои аз саргирии истеҳсолот дар онҳо чораҳо андешида мешавад", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Манбаъ мегӯяд, 1081 корманд бо "Хоразм шакар" қарордоди меҳнатӣ ба имзо расонида буданд. Дар ҳоли ҳозир 418 корманд то оғози дубораи фаъолияти корхона ба корҳои таъмиру бозсозӣ ҷалб шуда, боқӣ бо хоҳиши худ қарордоди корияшонро бекор кардаанд.

Дар "Ангрен шакар" феълан 550 корманд фаъолият дошта, аз моҳи июн то моҳи октябри соли равон қарордоди корӣ бо 170 корманд бекор карда шудааст. "Кормандон моҳи июни соли равон ба иллати қатъи фаъолияти корхона дар пайи таъсири ҷиддии маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ба раванди истеҳсолот ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Кормандон барои моҳҳои сентябру октябр маоши ҳадди миёна дарёфт карданд", - афзудааст манбаъ.

Пештар расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки корхонаҳои шакари "Ангрен шакар" ва "Хоразм шакар" ба ихтисори кормандон шуруъ кардаанд. Расонаҳо навиштанд, интизор меравад, то охири соли ҷорӣ қариб ҳамаи коргарони ду корхона ихтисор шаванд. Дар натиҷа мумкин аст, зиёда аз 2 ҳазор одам бе ҷои кор монад.

Ҳар ду ширкат, ки аз найшакари воридотии Бразилия вобаастанд, ба далели нарасидани найшакар ҳанӯз 4 июл истеҳсолро қатъ карда буданд. Дар ширкатҳои истеҳсоли шакари Узбекистон гуфтаанд, ки бо шакари воридотӣ наметавонанд, рақобат кунанд.

XS
SM
MD
LG