Ссылки доступа

Воксини чиниро дар ҷисми 5 ҳазор ихтиёрии узбекистонӣ меозмоянд


Узбекистон ба уҳда гирифт, ки марҳилаи севуми озмоиши воксини чинии зидди коронавирусро дар ҷисми 5 ҳазор шаҳрвандаш мегузаронад.

Фирӯза Хоҷаева, як масъули вазорати рушди инноватсионии Узбекистон гуфт, миёни Донишкадаи микробиологии академияи илмҳои Чин ва вазорати рушди инноватсионии Узбекистон дар бораи анҷоми марҳилаи севуми озмоиш созиш ҳосил шудааст.

Интизор меравад, рӯзи 6 ноябр гуруҳи олимони чинӣ, ки дар таҳияи воксин иштирок доранд, вориди Узбекистон хоҳанд шуд.

Воксинро дар ҷисми ихтиёриёни аз 18-сола боло меозмоянд ва ба ихтиёриён маблағ низ пардохт мекунанд.

Мақомоти Узбекистон пештар аз ин хабар дода буданд, ки дар сурати муваффақона анҷом шудани озмоиш, Узбекистон яке аз нахустин кишварҳое хоҳад буд, ки онро бо қимати нисбатан арзонтар аз Чин харидорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG