Ссылки доступа

Дар шаҳри Тошканд интиқоли газро ба соҳибкории хурду миёна қатъ карданд


Намояндагони ноҳияи Сергелии вилояти Тошканди Узбекистон гуфтанд, бо ҳадафи таъмини аҳоли бо газӣ табиӣ интиқоли газро ба корхонаҳои хурду миёна қатъ кардаанд.

Рустамҷон Назаров, як тоҷир аз ноҳияи Сергелий, ки корхонаи қаннодӣ дорад, гуфт, интиқоли гази табиӣ ба корхонаи вай рӯзи 1 ноябр қатъ шуд. "Мақомдорон гуфтанд, ки ин фармон аз боло аст. Дар давраи вабо бидуни ин мушкил ҳам вазъи мо бад буд, акнун бадтар шуд", - гуфт Назаров.

Намояндагони ноҳияи Сергелий гуфтанд, на танҳо ба корхонаҳои хурду миёна, балки ба иншооти иҷтимоии дорои аҳамияти начандон зиёд низ интиқоли газро қатъ кардаанд.

Дар минтақаҳои дигари Узбекистон ба далели қатъ шудани интиқоли газ ба корхонаҳо, коргаронро ба рухстаии бемузд фиристодаанд.

Приказ министра об ограничении подачи газа
Приказ министра об ограничении подачи газа

Дар фармони вазири энержии Узбекистон аз рӯзи 20 октябр омадааст, ки шуруъ аз 1 ноябр интиқоли газ ба корхонаҳои дорои аҳамияти ғайрииҷтимоӣ қатъ карда шавад.

Ширкати давлатии "Узбекнафтгаз" хабар медиҳад, ки солона дар ҳаҷми 60-70 миллиард метри мукааб газ истихроҷ мекунад ва бо ин иқдитор 11-умин кишвари бузурги истихроҷкунандаи газ дар сатҳи ҷаҳон аст.

Дар айни замон калонтарин харидори гази Узбекистон Чин аст. Солона Узбекистон ба Чин наздики 10 млрд метри мукааб газ содир мекунад. Русия дувумин харидори бузургтарини гази Узбекистон аст. Аммо дар пасманзари паҳншавии вабои коронавирус Чину Русия харидани гази Узбекистонро кам карданд. Дар иваз содироти гази Узбекистон ба Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG