Ссылки доступа

Ҷабборов: баррасии лоиҳаи Конститутсияи Қирғизистон ба таври зинда пахш мешавад


Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Ӯш гуфт, лоиҳаи нави Конститутсияи ин кишвар тақрибан омодааст. Ӯ иддаои рақибонашро, ки гӯиё қудратро ғасб карданиаст, рад намуда, афзуд, ки тағйирот ба Конститутсияи Қирғизистон ошкоро сурат мегирад.

"Мо барои ислоҳоти конститутсионӣ лоиҳаеро омода кардем. Зиддиятҳои шадид мушоҳида мешавад. Интиқодҳое ҳаст, ки гӯиё ман мехоҳам қудратро ғасб кунам, гӯиё мехоҳам ба монандаи Туркманистон Конститутсияро пушти дарҳои баста нав кунам. Вале лоиҳаи Конститутсия пушти дарҳои баста омода намешавад ва нахоҳад шуд. Ҳамаи чиз мавриди баррасии ом қарор мегирад. Баъди 10-15 рӯз лоиҳаро ба баррасии порлумон ё Ҷаласаи конститутсионӣ пешниҳод мекунем. Вале созмонҳои ғайридавлатӣ мегӯянд, ваколати порлумон 28 октябр ба поён расидааст ва он наметавонад лоиҳаро баррасӣ кунад. Бинобар ин, мо Маҷлиси конститутсиониеро ташкил карда, лоиҳаро ба он медиҳем. Ба ҳайати маҷлис ҳама, аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ то шаҳрвандони одӣ шомил хоҳанд шуд. Рафти ҷаласаи маҷлис зинда тавассути телевизионҳо намоиш дода мешавад. Ҷомеа онро баррасӣ мекунад ва сипас раъйпурсӣ сурат хоҳад гирифт", - изҳор дошт ӯ.

Порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 22 октябр лоиҳаи қонуни боз доштани иҷрои бандҳои 38 ва 63-и қонуни конститутсионии ин кишварро дар бораи интихоботи президентӣ ва вакилони порлумон қабул кард. Бар асоси лоиҳаи қонун, интихоботи порлумонии Қирғизистон баъди ислоҳи Конститутсияи ин кишвар ва на дертар аз 1 июни соли 2021 баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG