Ссылки доступа

Додгоҳ вазири пешини тандурустии Қазоқистонро ба ҳабс гирифт


Мақомоти Қазоқистон рӯзи 3 ноябр боздошти вазири пешини тандурустии он кишвар Елжан Биртановро тасдиқ карданд.

"Парвандаи ҷиноӣ нисбати Биртанов бо далели исрофкорӣ дар харҷи буҷа таҳқиқ мешавад", - омадааст дар хабари мақомоти Қазоқистон.

Додгоҳ Биртановро дар марҳилаи тафтишот ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Хабари боздошти вазири пешини тандурустии Қазоқистон рӯзҳои истироҳати гузашта расонаӣ шуд.

Биртанови 49-сола аз моҳи январи соли 2017 то охири июни соли ҷорӣ вазири тандурустии Қазоқистон буд. Вай дар пасманзари афзоиши гирифторони вабои коронавирус ва норасоии кат дар беморхонаҳо аз мақомаш истеъфо дод.

Пештар аз ин Олжас Абишев, муовини Биртановро бо гумони исрофи наздики 500 миллион тангаи буҷа боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG