Ссылки доступа

Мухолифони Гурҷистон аз мандатҳои вакилияшон даст мекашанд


Акция сторонников оппозиции у парламента Грузии

Блоки интихоботии мухолифони Гурҷистон ба раҳбарии "Ҳаракати ягонаи миллӣ" (ҲЯМ) тасмим гирифт, аз мандатҳои вакилии худ даст кашад.

Дар ин бора яке аз раҳбарони блок Ника Мелия дар суҳбат бо "Садои Қафқоз" иттилоъ дод. "Талаби мо баргузории интихоботи нав дар муҳити озод аст. Мо рӯзҳои наздик ба он даст хоҳем ёфт", - изҳор дошт Мелия.

Пештар ҳизбҳои мухолифи дигари Гурҷистон бо шумули "Гурҷистони аврупоӣ", "Лело барои Гурҷистон" ва "Гирчӣ" эълом карда буданд, ки порлумони нави ин кишварро таҳрим мекунанд.

Дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон ҷонибдорони мухолифон баъди эъломи натиҷаҳои расмии интихоботи порлумонии 31 октябр ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд. Бар асоси ин натоиҷ, Ҳизби "Орзуи Гурҷистон" дар интихобот 48 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст ва метавонад бори севум ҳукуматро мустақилона ташкил кунад.

Эътилофи мухолифони "Нерӯ дар муттаҳидист" 27,07 дарсад раъй овардааст.

Ҳайати нозирони САҲА ба интихоботи порлумонии Гурҷистон баҳои мусбат дод, аммо гуфт, дар ҷараёни интихобот ҳизби ҳоким бо ҳукумат омехта шуда, асосҳои маблағгузории маъракаи интихоботӣ ба таври кофӣ назорат нашудааст.

XS
SM
MD
LG