Ссылки доступа

Ҷаҳиши нархҳо дар Тоҷикистон мардумро зери хатти фақр мебарад


Торговые ряды на рынке в Душанбе.
Торговые ряды на рынке в Душанбе.

Болоравии босуръати нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон шумори онҳоеро то рафт бештар мекунад, ки зери хати фақр ба сар мебаранд. Бештари хонаводаҳо ҳоло маҷбур ҳастанд, танҳо маҳсулоти ғизоиеро харидорӣ кунанд, ки бештар зарур аст.

Пандемияи коронавирус боиси якбора боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бештари кишварҳо шудааст, ки баста шудани марзҳо, маҳдудияти ҳаракати нақлиёт ва халалдор шудани нақшаи содироту воридотро ба миён овардааст. Тоҷикистон низ дар ин замина истисно нест ва аз зумраи кишварҳое шумурда мешавад, ки бештар осеб дидааст.

Таваррум ба ҷайби сокинони Тоҷикистон зарба зада, бештари хонаводаҳо маҷбур ҳастанд, аз маҳсулоти муҳими ҳаётии ғизоӣ даст кашида, онеро бихаранд, ки тавонашро доранд. Ин барои як кишваре, ки сеяки аҳолияш аз гуруснагӣ ранҷ мебарад, тамоюли ташвишовар аст.

Ба иттилои Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ, 47 дарсади аҳолии Тоҷикистон рӯзона бо камтар аз 1,33 доллар зиндагӣ мекунанд ва бино ба арзёбиҳо, 30 дарсади сокинони кишвар аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.

Миллионҳо хонаводае, ки аз интиқоли пули муҳоҷирон вобаста ҳастанд, манбаи асосии даромади худро аз даст доданд. Зеро бештари муҳоҷирони корӣ имсол натавонистанд ба Русия ё Қазоқистон раванд.

Ба огаҳии Вазорати меҳнат, шумори муҳоҷирони кории тоҷик, ки соли равон барои кор ба хориҷ рафтанд, назар ба соли гузашта 57 дарсад кам аст. Ҳатто даромади онҳое, ки тавонистанд ба хориҷ раванд, ба иллати коронавирус коҳиш ёфтааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба вазоратҳои саноат ва кишоварзӣ дастур дод, ки истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввалро афзоиш диҳанд, ҳамчунин майдони кишти картошка, ҷуворӣ ва анвои дигарро зиёд кунанд.Сардори давлат мансабдоронро водор кард, ки ба мардум зарурати ташкили гармхонаҳо, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти саривақтии сабзавот, маҳсулоти ғалла ва полизӣ ва гирифтани ду-се ҳосилро бирасонанд.

Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии он, содироти ҳама намуд маҳсулоти ғалладона ва лубиёӣ, аз ҷумла орд, гандум, биринҷ, наск, нахуд, тухм, картошка ва ҳамчунин ҳама намуди гуштро манъ кард.

Миёнаҳои моҳи октябр хабар дода шуд, ки ​нархи шакару равғани офтобпараст, ду маводи ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳри Душанбе то 30 дарсад боло рафтааст. Қимати як кило шакар, ки то ду ҳафтаи пеш 6 сомонӣ буд, ҳоло дар бозору дӯконҳои пойтахт аз ҳашт то даҳ сомонӣ аст. Ҳамзамон бо шакар, нархи як литр равғани офтобпараст аз 12 сомонӣ то 15-16 сомонӣ боло рафта ва низ камчин шудааст.​

Рустам Насриддинов, cокини шаҳри Душанбе, аз афзоиши нархҳо дар шароити пандемияи COVID-19 изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, намедонад моҳонаашро барои чӣ сарф кунад: "Ҳар рӯз нарх боло меравад. Як сомонӣ, ду сомонӣ. Намедонам барои чӣ, чӣ хел ва аз куҷо? Панҷ литр равғани офтобпарастро ҳоло ба 75 сомонӣ мефурӯшанд".

XS
SM
MD
LG