Ссылки доступа

Туркманистони “озод аз коронавирус” барои ду моҳ сафарҳоро манъ кард


Мақомоти Туркманистон сафарҳои дохилии шаҳрвандонро бидуни зарурат, то 1 январи соли 2021 манъ карданд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз шаҳри Ишқобод иттилоъ доданд, ки то 1-уми январи соли 2021 ҳама сафарҳо дар дохили кишвар манъ шуда, танҳо бо иҷозаи комиссиюни махсуси аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ташкилшуда иҷозаи сафар дода мешавад. То ҳол ҳеҷ изҳороти расмӣ дар бораи муқаррароти нав нашр нашудааст, вале аз 31-уми октябр ба ин сӯ мақомоти маҳаллӣ баргузории тестҳои санҷишии коронавирусро қатъ карданд. Чунин тестҳо барои сафар ҳатмӣ буд. Дар миёни истисноҳо даъвати хаттӣ ба кор, сафарҳои корӣ, эҳтиёҷоти тиббӣ ва ё марги пайвандон зикр мешавад.

Муқаррароти нав бахусус ба зиндагии онҳое таъсири манфӣ мерасонад, ки аз рустову шаҳрҳои дурдаст ба пойтахт - шаҳри Ишқобод омада, кор мекарданд.

Мақомот дар ҳукумати президенти худкомаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз оғоз то ҳол мегӯянд, ки дар ин кишвар ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус вуҷуд надорад.

Вале айни замон бархе аз шаҳрвандони Туркманистон мегӯянд, талош мекунанд, ки дар сурати худро бад ҳис кардан дар хона бимонанд ва ба беморхона муроҷиат накунанд. Зеро ба гуфтаашон, беморхонаҳо пур аз беморони олудашуда ба коронавирус ҳастанд.

Дар Туркманистон онҳоеро, ки бо бемориҳои монанд ба илтиҳоби шуш мефавтанд, ба селлофан печонда ба наздикон медиҳанд ва хабарҳо аз зиёд шудани маргу мири одамон ҳам ба даст мерасад. Моҳи августи имсол Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши пневмонияи ғайримаъмулӣ изҳори нигаронӣ карда аз Ишқобод тақозо кард, ки дар кишвар ташхиси коронавирус гузаронида шавад.

XS
SM
MD
LG