Ссылки доступа

Дар Узбекистон "хиштҳо"-и тилоиро озод ба сокинон мефурӯшанд


Бонкии миллии Узбекистон аз 2 ноябр фурӯши сабика ё "хиштҳо"-и тилоиро тавассути бонкҳои тиҷории ин кишвар ба роҳ монд. Ин иқдом ба хотири тавсеаи имкониятҳои сармоягузорӣ ва пасандозии сокинон гирифта шудааст.

Ба огаҳии бонк, фурӯши сабикаҳои 5, 10, 20 ва 50 - граммӣ аз тилои тоза дар тамоми вилоятҳои Узбекистон роҳандозӣ гаштааст.

Арзиши фурӯш ва дубора харидорӣ шудани сабикаҳо дар асоси нархи ҷаҳонии тило ва қимате сурат мегирад, ки Бонки миллии Узбекистон ҳамарӯза дар сомонаи худ нашр менамояд.

Сабикаҳо дар қутти махсусе фурӯхта мешаванд, ки дар ҳамдастӣ бо ширкати итолиёии Certiline Srl сохта шудаанд.

Ҳамчунин барои берун бурдани онҳо аз Узбекистон ҳам иҷозат дода мешавад.

XS
SM
MD
LG