Ссылки доступа

Нақбканони қазоқ тариқи додгоҳ корфарморо ба иҷрои уҳдадориҳояш вазифадор карданд


Дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон бо 45 тан аз кормандони нақби "Киров", ки корфармои худ - ширкати "Altyn Komir Service"-ро барои напардохтани қарзи бунёди нафақа ва бунёди бимаи тиббӣ ба додгоҳ кашида буданд, созишнома имзо карда шуд.

Бар асоси ин санад, корфармо вазифадор аст, уҳдадориҳои худро на танҳо дар назди нақбканони даъвогар, балки дар назди тамоми кормандони худ - ҳудуди 400 кас иҷро намояд.

Намояндаи ширкати "Altyn Komir Service" 3 ноябр дар додгоҳ гуфт, корфармо аз имзои созишномае ҷонибдорӣ мекунад, ки иҷрои як қатор уҳдадориҳоро дар назди кормандон пешбинӣ мекунад.

Намояндаи кормандон ва ҳуқуқшинос Александр Пак баъди мурофиа гуфт, корфармо уҳдадор карда шудааст, ҳамаи қарзҳои худро аз бунёди нафақа ва бунёди бимаи тиббӣ​ бипардозад.

Баҳси ангиштканон бо "Altyn Komir Service" замоне сарзад, ки кормандон огаҳ шуданд, ширкат солҳои тӯлонӣ ба бунёди нафақа ва бунёди бимаи тиббӣ пардохтҳои коргаронро интиқол надодааст.

Коргарон бо даъво бурдан ба додгоҳ талаб кардаанд, ки ширкат пардохтҳои бунёди нафақа ва бимаи тиббиро анҷом диҳад ва ҳамзамон музди моҳонаи касонеро зиёд кунад, ки солҳои тӯлонӣ дар ширкат кор мекунанд.​

XS
SM
MD
LG