Ссылки доступа

Талант Мамитов раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд


Канатбек Исоев баъди се ҳафтаи раиси порлумони Қирғизистон интихоб шудан истеъфо дод. Баъди истеъфои Исоев Талант Мамитов аз сӯи вакилон раиси порлумон интихоб шуд.

Канатбек Исоев гуфт, ки ба хотири иштирок дар интихоботи президентии 10 январи соли 2021 аз раисии порлумон истеъфо додааст.

Исоев ҳамагӣ 13 октябри соли ҷорӣ раиси порлумон интихоб шуд. Вай дар натиҷаи буҳрони сиёсие раиси порлумон интихоб шуд, ки баъди интихоботи порлумонии 4 октябр ба вуҷуд омад.

Иҷрокунандаи вазифаи президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов пештар аз ин хабар дода буд, ки дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад хоҳад шуд. Ба ин манзур вай тасмим дорад, дар оғози моҳи декабр аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашад. Баъди он раиси тозаинтихоби порлумон Талант Мамитов иҷрокунандаи вазифаҳои президент хоҳад шуд.

Мамитови 44-сола дар солҳои 2000-ум фаъолиятро дар додситонии вилояти Бодканди Қирғизистон шуруъ кардааст.

Дар солҳои гуногун дар вилоятҳои Иссиқкӯл, Ҷалолобод дар мақоми додситон кор кардааст.

Вай соли 2010 вакилои порлумони Қирғизистон интихоб шуд. Соли 2012 бо ду тан аз вакилони дигар - Камчибек Тошиев ва Содир Ҷабборов бо талаби миллӣ гардонидани кони тилои Қумтор дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ин гирдиҳамоӣ ба бетартибӣ табдил шуда, дар натиҷа чанд одам боздошт гардида буд.

Моҳи марти соли 2013 додгоҳ ин се вакилро дар талоши ғасби худсаронаи қудрат айбдор ва зиндонӣ кард. Аммо дар моҳи июни соли 2013 додгоҳи шаҳрии Бишкек онҳоро "сафед" кард.

XS
SM
MD
LG