Ссылки доступа

Як пахтачини 62-сола дар Узбекистон ғарқ шуд


Райимбердӣ Қаршиеви 62-сола аз ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззахи Узбекистон, ки ба ноҳияи Мирзочули он кишвар ба пахтачинӣ рафта буд, рӯзи 23 октябр дар наҳр (канал) ғарқ ва ҳалок шудааст.

Ғулом Қаршиев, бародари Райимбердӣ Қаршиев гуфт, ки бародари ӯро бо фиреб ба пахтачинӣ бурдаанд. "Бародари ман марди танҳои муҷаррад буд. Вай дар манзили сокинон мардикорӣ мекард ва бо ин роҳ нон меёфт. Рӯзи 13 октябр котиби маҳалла ӯро бо роҳи фиреб ба пахтачинӣ бурдаанд. Вай чи гуна ба наҳр уфтода, ҳалок шудааст - касе намедонад", - гуфт Ғулом Қаршиев.

Аммо котиби маҳаллаи "Новка" Ҷаҳонгир Болтаев мегӯяд, Райимбердӣ Қаршиев бо хоҳиши худ ба пахтачинӣ рафта буд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар суханрониаш дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи кулли СММ 23 сентябри соли ҷорӣ гуфта буд, ки дар Узбекистон меҳнати маҷбурӣ комилан аз байн бурда шудааст.

XS
SM
MD
LG