Ссылки доступа

Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон аз мақомаш истеъфо медиҳад


Иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва ҳамзамон сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо яке аз телевизионҳои маҳаллӣ гуфт, то 14 ноябри соли равон аз мақоми худ истеъфо хоҳад дод.

"Бар асоси Конститутсия, президент ва иҷрокунандаи вазифаҳои президент наметавонанд дар интихобот иштирок кунанд. Вале ман аз иҷрои вазифаҳои президент то 14 ноябри имсол даст мекашам ва дар интихобот иштирок хоҳам кард", - изҳор дошт Ҷабборов.

Раиси Ҳизби "Қирғизистон" Канатбек Исоев ва сиёсатшинос Бакит Бакатев ҳам 4 ноябр гуфтанд, ки дар интихобот ширкат мекунанд.

Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон то ҳол дархости панҷ номзади худпешбар - Адахан Мадумаров, Назарбек Нишанов, Кубан Чороев, Арстанбек Абдилдаев ва Бектур Асановро ба мақоми президентии он кишвар қабул кардааст.

Қарор аст, интихоботи президентии Қирғизистон 10 январи соли 2020 баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG