Ссылки доступа

Қазоқистон вуруди хориҷиҳоро ба қаламраваш маҳдудтар кард


Қазоқистон маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро дар пасманзари афзоиши якбораи шумори мубталоён дар як қатор вилоятҳо сахттар кард.

Ба огаҳии сомонаи расмии сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин, комиссияи байниидоравӣ пешниҳод дорад, тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷие тағйир дода шавад, ки ҳаққи будубош дар он кишварро доранд ё узви хонаводаи сокини маҳаллӣ ҳастанд.

"Шахсони номбаршуда метавонанд марзи Қазоқистонро дар 90 рӯз на бештар аз як бор гузаранд", - афзудааст манбаъ. Пештар онҳо ҳақ доштанд, ки дар 30 рӯз як бор аз марзи Қазоқистон убур намоянд.

Ҳамчунин, қатъи низоми бидуни раводид бо 57 кишвар то 1 майи соли оянда тамдид мешавад. Бо қарори комиссияи мазкур муҳлати манъи будубоши бидуни раводиди 72-соатӣ барои мусофирони транзитӣ аз Чину Ҳиндустон дар Қазоқистон то январи дароз гардид. Комиссия аз 9 ноябр шумори парвозҳо бо Туркияро то 20 бор дар ҳафта кам кард.

Мақомоти Қазоқистон дар пасманзари афзоиши теъдоди мубталоёни коронавирус дар вилояти Қазоқистони Шарқӣ маҳдудияти убури марзи ин кишварро сахттар карданд. Дар он вилоят аз охирҳои моҳи октябр рӯзона то 200 ҳолати нави мубталошавӣ ошкор мешавад.

Шумори расмии гирифтони коронавирус дар Қазоқистон ҷамъан ба 113 741 расида, 1 867 кас аз он ҷон бохтааст. Ба ин омор фавтидаҳо бар асари бемории "илтиҳоби шуш" шомил намешаванд.

XS
SM
MD
LG