Ссылки доступа

Шабакаҳои иҷтимоиро дар Туркия ҷаримаҳои ҳангуфт бастанд


Мақомоти Туркия шабакаҳои иҷтимоии маъруф, аз қабили Facebook, Instagram, Twitter, YouTube ва чанди дигарро ба далели сари вақт муайян накардани намояндаи маҳаллии худ дар Туркия ҷарима бастанд.

Ҳар кадоме аз ин шабакаҳо наздики 1 миллион евроӣ ҷарима шуданд.

Тобистони соли ҷорӣ порлумони Туркия бо қабули қонуне назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоиро сахттар кард. Бино ба қонуни қабулшуда, агар аудиторияи шабака дар Туркия рӯзона аз як миллион корбар бештар бошад, пас шабака бояд дар ин кишвар намояндагӣ боз кунад ва ҳам намояндагии шабакаро шаҳрванди Туркия ба душ дошта бошад. Иҷро накардани ин амр ҷарима ва коҳиши суръати интернетро дар пай дорад.

Ширкати Facebook пештар гуфта буд, ки тасмим надорад, амри Анқараро иҷро кунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ низ пештар аз ин қонуни Туркияро танқид карда буданд. Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" гуфт, ки қонуни мазкур посухи президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ба танқидҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

XS
SM
MD
LG