Ссылки доступа

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Узбекистон сафар мекунад


Ҳайати Қирғизистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷии он кишвар Руслан Казакбоев рӯзҳои 5-6 ноябр бо сафари корӣ вориди Узбекистон мешавад. Дар ин бора дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар доданд.

Қарор аст, ҳайати Қирғизистон бо намояндагони ҳукумат, вазорати корҳои хориҷӣ, ниҳодҳои марбут ба сармоягузорӣ, тиҷорати хориҷӣ ва дигар бахшҳои Узбекистон мулоқот кунад.

Ин нахустин сафари афроди расмии ҳукумати нави Қирғизистон ба Узбекистон аст.

Қирғизистон баъди интихоботи порлумонии 4 ноябр вориди буҳрони сиёсӣ шуд. Эътирози мардум бо талаби бекорсозии натиҷаҳои интихобот ба бетартибӣ мубаддал шуд.

Шаби 6 октябр эътирозгарон Кохи сафед, Кумитаи давлатии амнияти миллиро ғасб карданд. Ҳамон шаб чанд сиёсатмадори зиндонӣ, аз ҷумла Содир Ҷабборов аз маҳбас раҳо карда шуданд. Содир Ҷабборов рӯзи 10 октябр сарвазири нави Қирғизистон таъйин шуд.

Рӯзи 15 октябр президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба истеъфо рафт ва порлумон Содир Ҷабборовро иҷрокунандаи вазифаҳои президент таъйин кард.

XS
SM
MD
LG